Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сайидамир Зуҳуров: "Ягон мансаб ба як қатра хун намеарзад"


Сайидамир Зуҳуров

Сайидамир Зуҳуров

Сайидамир Зуҳуровро яке аз меъморони асосии Кумитаи амнияти миллӣ дар замони истиқлол меҳисобанд.

Мо низ сӯҳбатро аз ин боб оғоз карда ва пурсидем, ки чӣ тавр ба ӯ даст дод, ин ниҳодро, ки дар он солҳо ба ду қисмат ҷудо шуда буд, сарварӣ кунанд?
Бо як обрӯи "муҳаммадӣ" рафтан ҳам як давлати калон аст. Иваз кардан даркор, як мафкураи тоза, як мафкураи ҷавон, як мафкураи дигар бошад боз беҳтар...


Сайидамир Зуҳуров: Соли 1992, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд, маро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин карданд ва ман яке аз аввалинҳо шуда ба шаҳри Душанбе омада ва роҳбарии ин идораро қабул кардам. Дарвоқеъ, он замон ин идора бо мушкилиҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ шуда буд. Якум ин, ки ҳайати кории ин идора то ба сатҳи бист дарсад поин омада, 80 дарсад холӣ шуда буд. Зеро дар замони Шӯравӣ ба ин идора аксаран мутахассисини русзабон ва ғайрибумӣ ҷалб мешуданд. Бо шурӯи нооромиҳо, шумори зиёди онҳо тарки Тоҷикистон карданд.

Абдуқаюми Қаюмзод ҳангоми сӯҳбат бо Сайидамир Зуҳуров
Воқеият чунин буд, ки он бист дарсад низ ба ду гурӯҳ тақсим шуда буд. Як қисми кормандон тарафдорони ба ном Фронти халқӣ ва як қисми дигар, агарчанде ки шояд дар дил чунин ният надоштанд, лекин зоҳиран онҳоро тарафдорони мухолифин эълон карда буданд. Ҳолатҳое мешуд, ки тарафдорони ҳукумати нав ба сари қудратомада медаромаданду ба ман ултиматум мегузоштанд, ки нисбат ба он гурӯҳ ягон чораи қатъӣ андешида шавад. Соатҳои тӯлонӣ бо онҳо сӯҳбат карда мефаҳмонидам, ки ин ҳолатҳо муваққатӣ аст, дасти душман дар миён аст, шумо солҳои зиёд бо ҳам кор кардаед, якдигарро эҳтиром кунед.

Соатҳои 2 ва 3-и шаб ин гурӯҳро ҷавоб медодам ва он гурӯҳро даъват мекардам. Таъкид менамудам, ки эҳтиёткор бошанд, бидуни иҷозаи ман ба ҷое нараванд ва маҳалли корро тарк накунанд, то нохалафе бадкорӣ накунад. Оқибат кор ба дараҷае расид, ки ҳис кардам ҳамаи онҳоро ҳимоя карда наметавонам. Агарчанде хеле аз онҳо ягон гуноҳ ҳам надоштанд, чун замона ҳамин минвол буд ва бовариву эътимоди байниҳамдигарӣ аз байн рафта буд, барои бархе аз онҳо рухсатии бемузд додам. Бачаҳои Бадахшон ва бачаҳои Қаротегинро гуфтам, ки як муддат, то ором шудан ба зодгоҳҳоятон равед. Вале онҳо дар он ҷоҳо супоришҳои маро барои ба эътидол овардани авзоъ иҷро мекарданд.

Вазифаҳои худро анҷом медоданд. Баъзеашонро то 6 моҳ, баъзеашро 7 ва баъзеашро то 4 моҳ, то ба эътидол омадани вазъ дар дохили коллектив рухсаташон додам, ки раванд. Албатта, дертар баргашта омаданд ва боз ҳамон як коллектив ташкил ёфт ва як ҳайати бисёр хуб ҳам шуд. Якдигарфаҳмӣ, дасти якдигарро гирифтан, шонаи якдигарро эҳсос кардан дар рӯзҳои вазнин ба вуҷуд омад ва то имрӯз ҳам онҳо якҷо ҳастанд, ки ман аз ин бисёр ифтихор мекунам.

ДАР БОРАИ НЕРӮҲОИ МАРЗБОНИ РУСИЯ



Суол: Ҳоло музокироти Тоҷикистону Русия дар бораи шароити ҳузури гурӯҳи марзбонони Русия дар Тоҷикистон идома дорад. Назари Шумо дар бораи идомаи ҳузури марзбонони Русия дар сарҳади Тоҷикистон чӣ аст?

Сайидамир Зуҳуров: Бозгашта омадани нерӯҳоро дигар худи Русия намехоҳад. Мо ҳам тарафдори пас гашта омадани онҳо нестем. Тоҷикистон ба қадри кофӣ мутахассисҳоро омода кардааст. Вале он гурӯҳе, ки инҷо ба ҳайси мушовир ҳузур доранд, фикр мекунам, ки то якчанд соли дигар буданаи онҳо хуб аст. Чунки на дар ҳамаи соҳаҳо мо кадрҳои маслакӣ ва варзида дорем. Масалан, истифода бурдани бархе аз техникаи ҳарбӣ, усули истифода ва омода кардани хадамоти ақибгоҳ ва баъзе соҳаҳои дигар.

Симхорҳое, ки дар марзи мо кашида шудааст, ба нигоҳубини он мутахассис надорем. Бисёр як механизми мураккаб аст. Дуруст аст, ки қисматҳо ва ҷузъиёти он дар корхонаҳои Русия ва Белорусия омода мешуданд ва ҳоло ин корхонаҳо аз фаъолият бозмондаанд. Чун тарзи ҳифозати симхорӣ аз ин кишварҳо бардошта мешавад ва дар бисёре аз ҷойҳои Русия ҳоло ба тариқи аврупоии муҳофизати марз гузаштаанд, лекин дар сарҳади мо ин тарзи корро ба роҳ мондан ғайриимкон аст. То вақте вазъ дар Афғонистон ноором аст ва мо дар маърази хатар қарор дорем, ҳатман муҳофизати ҷисмонии марз дар мо зарур аст. Аз ин рӯ, будани ин мутахассисҳо зарур аст.

ХАТАРЕ, КИ АЗ АФҒОНИСТОН МЕОЯД

Сайидамир Зуҳуров
Суол:
То чӣ ҳад марзҳои Тоҷикистон аз самти Афғонистон таҳти хатар қарор дорад?

Сайидамир Зуҳуров: Ман панҷ сол аст, ки дигар аз ин соҳаҳо дур шудаам ва бо ин корҳо сару кор намегирам. Вале аз рӯи иттиллои нашрмешуда ва таҳлили коршиносон, фикр мекунам, хатар мавҷуд аст. Хатар аз ҷониби Толибон набошад ҳам, аз ҷониби дигар қувваҳое, ки сулҳи моро қабул накарданд, аз ҷумла баъзе аз шаҳрвандони худи Тоҷикистон, Ҳизби исломии Узбакистон, ки Ҳаракати исломии Туркистон номаш мебаранду ҳоло боз табдили ном кардааст, вуҷуд дорад. Инҳо ҳатман хатар доранд ва дар ҳолате, ки онҳоро Толибон, ҳамроҳ бо Ал-Қоида ҷо додаанду сарпаноҳашон шуданд, барои мо таҳдид ба шумор мераванд.

Суол: Оё дуруст аст, ки тоҷикҳо дар сатҳи роҳбарии ин ҳаракатҳо низ фаъолият мекунанд?

Сайидамир Зуҳуров: Чунин маълумот надорам. Шояд, ки бошанд дар сатҳи гурӯҳу дастаҳо, отрядҳо вале дар бораи дар сатҳи болоӣ ҳузур доштани онҳоро маълумот надорам.

МУЛЛО АБДУЛЛО "БОЗӢ" КАРД

Суол: Ҳоло Мулло Абдулло ба як омили нооромкунанда табдил шудааст. Аммо он вақт чӣ гуна раҳиду рафт. Оё имкон набуд, ки ӯро дастгир кунанд?

Сайидамир Зуҳуров: Вай сулҳро қабул накард ва рафт. Мо бо Афғонистон 1344 километр сарҳад дорем ва ҳама ҷои он сарҳади мураккаб ва мушкил аст. Сарфи назар аз ҳама чораҳое, ки имрӯз ҳукумат меандешад, мо гӯем, ки мо сад дарсад амнияти сарҳадро таъмин мекунем, мушкил аст. Маълум, ки дар он ҷо тарафдорҳояш будаанд. Мисли ӯ як 400-500 нафар буданд, ки аз Афғонистон барнагаштанд, сулҳро напазируфтанд.

Суол: Аммо ӯ дар дохил буд ва он вақте ҳам, ки шароити сулҳро нахост имкон набуд, ки ӯ боздошт бишавад?

Сайидамир Зуҳуров: Вай дар ибтидо бозӣ кард ҳамроҳи сохторҳои қудратии Тоҷикистон. Ваъдаи бисёр кард, фикр мекунам, бовар карданд, сараш эътимод карданд, аз ҳамин истифода бурд. Ин хулосаи шахсии ман аст. Набошад оварда буданд то Кофарниҳон ва ҷояш карда буданд ва фикр мекунам, ки эътимоди аз ҳад зиёди сохторҳои қудратии мо сари ҳамон одам буд, ки ҳама сулҳро қабул карданд ва ӯ ҳам мисли дигарҳост. Вале ноогоҳ монданд.

Суол: Вагарна, имкон дошт, ки безарараш бисозанд?
Ягона боигарии хубе, ки мо дар тӯли истиқлолиятамон ба даст овардем, ҳамин сулҳ аст. Кадом камбудии дигар надошта бошем, рехтани хуни тоҷик бас шуд, мардум озод мегардад...


Сайидамир Зуҳуров: Ҳатман, ҳатман имконият буд барои маҳв карданаш. Чи хеле ба ман маълум аст, қувваҳои ҳукуматӣ якҷо бо қувваҳои мухолифин амалиётро алайҳи Мулло Абдулло дар ноҳияи Нуробод муштарак доир карда буданд. Баъд чӣ шуд, ки розигиашро дод ва оварда дар ноҳияи имрӯзаи Ваҳдат ҷо карданд ва як рӯз фаҳмиданд, ки Мулло Абдулло нест. Аз эътимоди ҳукуматиҳо сӯиистифода кард.

МАНСАБ ВА ҚАТРАИ ХУНИ ИНСОН

Суол: Ҳозир таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳодисаҳо дар кишварҳои арабӣ нигаронида шудааст. Мегӯянд, ки иллати вуқӯи ин ҳодисаҳо фасод ва ҳукумати тӯлонии як нафар аст. Фикр мекунед, ин ҳодисаҳо дар кишварҳои мо ҳам рух медиҳад. Чун мегӯянд, ки авомили вуқӯи ин ҳаводис дар Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад?

Сайидамир Зуҳуров: Омил аз чӣ пайдо мешавад? Яъне сабабе, ки халқро ба ҷӯш меоварад, чӣ аст? Фикр мекунем, чунин омилҳо имрӯз дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Барои чӣ? Ҳарчанд мушкилиҳо зиёданд ва пеш аз ҳама мушкилоти иқтисодӣ, масалан паст будани сатҳи зиндагии мардум ва дигару дигар. Вале авомиле ҳаст, ки мардуми моро нигоҳ медорад. Якум, он сулҳе, ки бар ивази ҷон ва хуни чандин ҷавонони тоҷик ба даст овардем. Ҳар як тоҷики боақл бояд, ки ин сулҳро бо нохун ва бо дандон ҳифз кунад, то он халал наёбад.

Ба ақидаи ман, ягон мансаби дунё ба як қатра хуни инсон намеарзад. Ҳамаашро дидам. Дар ҳамон ҳолат ҳам мегуфтам, ки фақат сулҳ, сулҳ ва боз сулҳ. Дуруст аст, ки сулҳ бо дасти як кас ба даст намеояд. Ташаккури зиёд ба раисҷумҳури Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбари мухолифини тоҷик домулло Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ба аксари мардум, ҷавонҳои тоҷик, ки моҳияти ин сулҳро фаҳмиданд. Фаҳмиданд, ки агар сулҳ нашавад, Тоҷикистон нест мешавад. Ин сарвати бузурге, ки мо тӯли чанд сол ба даст даровардем. Дувум омил ин аст, ки халқи мо хунро дид. Писар, бародар, падар ва шавҳарашро аз даст дод. Ҳоло мегӯяд, бигзор чизе ҳам набошад, писарамро аз даст надиҳам, нест нашавад. Ҳар касе ҳам бошад дар ин фикр аст ва тоқат мекунад.

Севум ин, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ҳам ҳозир бисёр кӯшиш карда истодаанд, то он камбудиҳоеро, ки мавҷуданд ҳарчи зудтар аз миён бардошта шаванд. Сафари раисҷумҳур ба вилояти Суғдро аз телевизион тамошо кардам, ки чандто корхонаҳои саноатии нав кушода шуданд, некӯаҳволии мардум пеш рафта истодааст. Он ҳаводисе, ки дар давлатҳои арабӣ рух медиҳад, фикр намекунам, ки танҳо дар заминаи дар дарозмуддат дар сари қудрат боқӣ будани як нафар ба вуҷуд омада бошад. Он ҷо аҷабе нест, ки дасти беруна ҳам бошад. Агарчӣ зиндагии мардуми Тунис ва Либияро хуб тавсиф мекарданд. Нисбат ба мардуми мо хеле пешрафта ва кишварҳои сарватманд буданд. Лекин ба чунин рӯз расиданд. Ин ҷо чанд омил ҳаст, ки ба масоили мухталиф гиреҳ хӯрдааст, вале хулоса кардан дар бораи он ҳодисаҳо ва ҷунбишҳову ҳаракатҳо дар кишварҳо арабӣ барвақт аст.

МУХОЛИФИН, ФАРОНТИ ХАЛҚӢ ВА РУСИЯ


Суол: Ин ҷо дар бораи омил ва дасти берунӣ дар ҳаводиси кишварҳои арабӣ ишора шуд. Чаро, ба фикри Шумо, Русия дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз Фронти халқӣ ҷонибдорӣ кард?

Сайидамир Зуҳуров: Дар ин мавзӯъ мавқеъ ва фикри ман тамоман дигар аст. Мо бояд аз ягон бегона хафа нашавем, аз худамон хафа шавем. Агар мо баақл мешудем, ба ин корҳо роҳ намедодем. Имрӯз чӣ гиребони Русияву Узбакистонро бигирем ва ё мамлакатҳои арабро, ки ба мухолифин шумо кӯмак кардед ё Эрону дигарҳоро. Аслан ман зидди он ҳастам, ки боз коҳи кӯҳнаро кофта бароварда бод диҳем.

Вале агар ошкортар дар бораи пуштибонии русҳо ҳарф бизанем, вақте мактаби рақами 8-ро мухолифин гаравгон гирифтанд ва чанд шиори зиддирусӣ дар миён андохтанд, аз ин ҳама тарафи дигар истифода кард. Худашон фаҳмиданд. Аз ҳамон давра шурӯъ шуд, то он давра кадом иртиботу тамос набуд.

Суол: Шояд дидгоҳҳо ва назари Фронти халқӣ бо Русия наздиктар буд?

Сайидамир Зуҳуров: Шояд инаш ҳам буд...

"НИМТАИ НОН, РОҲАТИ ҶОН"

Суол: Ҳоло гуфтед, ки мардуми мо хунрезиро дидааст ва тарси боқимонда аз он ҷанг барои такрори ҳодисаҳои кишварҳои арабӣ имкон намедиҳад. Аммо бархеҳо мегӯянд, ки ҳоло як гурӯҳ аз ин тарси мардум сӯистифодаи зиёд мекунанд...

Сайидамир Зуҳуров: Мақсади ман аз он мисоли оварда он аст, ки мардуми Тоҷикистон бояд фикр кунад, ки оқибати ҷанг чӣ аст, чун як дафъа диданд. Ин тарафашро ҳам бояд фикр кунанд. Принсипи ман ҳамин аст, ки нимтаи нон, роҳати ҷон. Шаб ором хоб мекунам ва ҳеҷ тарсу ҳарос надорам, ки боигарии ман куҷо мешавад, пули ман куҷо меравад, сарвати ман чӣ мешавад. Ҳамаи инҳо ҷавоб доранд. Яке аз омилҳои давлатҳои араб низ ҳамин шуд. Ҳамаи инро вақту соати ҷавобгӯияш меояд.

"ЯК РӮЗ МЕРАВӢ..."

Суол:
Бархеҳо бар ин назаранд, ки дар сатҳи роҳбарӣ ба ду гурӯҳи кӯлобиҳои норозӣ ва розӣ тақсим шудаанд ва номи шуморо дар гурӯҳи норозиҳо зикр мекунанд...

Сайидамир Зуҳуров: Касе, ки номи маро зикр мекунад, хато мекунад. Вақте ки ман аз раисии Кумитаи ҳифзи сарҳадот озод шудам, раисҷумҳур ба ман вазифаҳои бисёр хуберо ҳам пешниҳод карданд. Худам нахостам. Чандин вазифаҳои хуб, ки одамони дигар кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар он вазифаҳоро бигиранд. Ман не гуфтам. Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, Кумитаи заминсозиро ҳам пешниҳод карданд. Гуфтам, ки мутахассиси ин соҳаҳо нестам. Ҳамин вазифаро раисҷумҳур пешниҳод карданд ва пазируфтам. Барои ҳамин, ман аз норозиҳо нестам.

Ман намедонам, одамҳое, ки дар як вазифа солҳои тӯлонӣ кор мекунанд, чӣ тавр кор мекарда бошанд. Зеро аз рӯи виҷдон агар 90 фисади кӯшишу ҳаракатро барои иҷрои ҳамон кори вазифавии худ диҳӣ, дар ҳамон чор-панҷ сол хаста мешавӣ ва дигар ҳеҷ кор карда наметавонӣ. Мафкура низ як рӯз хаста ва монда мешавад, фаромушхотир мешавӣ. Ҳушёрии сиёсиро аз даст медиҳӣ, ҳама як рангу ҳама нағз аст, фалону беҳмадон вале як рӯз аз як ҷо дидӣ, ки он ҷувол дариду рафт. Барои ҳамин бо як обрӯи муҳаммадӣ рафтан ҳам як давлати калон аст. Иваз кардан даркор, як мафкураи тоза, як мафкураи ҷавон, як мафкураи дигар бошад боз хубтару беҳтар.

Аз ин чиз тарсидан даркор нест. Сад сол ҳам бошад, як рӯз не як рӯз меравӣ. Мисли мард бояд қабул кард. Як файласуфи гузашта гуфтааст: “Ҳар қадар, ки бо нардбони мансаб боло наравӣ, фаромӯш накун, ки рӯзе бо ҳамон поён меоӣ." Яъне, ки мабодо наафтӣ аз ин баландиву чаппа нашавӣ, сарозер наоӣ аз нардбони мансаб. Инро дуруст қабул кадан даркор. Ман намедонам ин одамон чаро ин қадар аз рафтан метарсанд. Умр як бор дода мешавад. Ақаллан чанде, ки Худои таъоло муайян кардааст - як сол, панҷ ё даҳ сол барои худат ҳам бояд зиндагӣ кунӣ. Зиндагӣ он маъноро надорад, ки 10-15 қасру 20-30 мошинаву дигару дигар дошта бошӣ. Зиндагии мисли дигар инсонҳо, ранги дигар инсонҳо озод бояд буд.

ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ

Суол: Ба ҳайси раиси Идораи ҳифзи сирри давлатӣ метавонед бигӯед, ки оё аз мавридҳое, ки сиррӣ давлатӣ ошкор шуда бошад, пешгирӣ кардаед?

Сайидамир Зуҳуров: Бале, чанд мисолҳои мушаххас дорем. Дар баъзе ҳолатҳо дар танҳоӣ, вале дар баъзе ҳолатҳо ҳамроҳи Кумитаи амнияти миллӣ чунин мавридҳоро ошкор ва сари вақт аз онҳо пешгирӣ кардаем. Барои мисол, ҳодисае дар шаҳри Хуҷанд рух дод, ки се-чор нафарро вобаста ба он ба маҳкама кашиданд. Аз ин гуна ҳаводис, ки барқасд сурат гирифта бошад, дигар рух надод. Аммо аз нодонӣ ва нофаҳмӣ ва огоҳӣ надоштан аз қонуниятҳои мавҷуда се-чор мавридҳое дигар ҳам ҳаст, ки мо ошкор ва аз онҳо ҷилавгирӣ кардем.

Суол: Ин ҳодисаҳо аз тарафи нафарони масъул рух додаанд?

Сайидамир Зуҳуров: Бале, масъул ҳам ҳаст. Масъули ҳамон арса аст, аммо аз рӯи нофаҳмӣ ин кор сурат гирифтааст.

МӮҲРҲОИ МАХФӢ БАРДОШТА МЕШАВАНД?

Суол: Имрӯз кадом қисмате аз бойгониҳоро метавон дар дастрасии ҷомеа қарор дод? Масалан, мӯҳлати сиррӣ будани онҳо тамом шудааст?

Сайидамир Зуҳуров: Тибқи қонунгузориҳои мо, аз ҷумла қонун «Дар бораи сирри давлатӣ» ва қонун «Дар бораи номгӯи маълумотҳои дорои сирри давлатӣ» махфияти ин ё он маълумотро роҳбари идора муайян ва пешниҳод мекунад ва сипас дар ҳукумат тасдиқ мешавад. Аксари маводи бойгониҳои ҷумҳурӣ ва СССР ҳоло дар истифодаи умум қарор доранд. Ҳоло дар назди идораи мо як Шӯрои ҳамоҳангӣ фаъолият мекунад, ки дар ҳайати он намояндагони вазорат ва корхонаҳои давлатӣ шомиланд.

Ҳозир мо ба хулоса омадем, ки бисёр маълумоте, ки дар замони шӯравӣ ба онҳо мӯҳри махфӣ зада буданд, зарурати махфӣ будани онҳо намондааст. Дар сурати махфӣ нигоҳ доштани онҳо, баръакс, ба ҷумҳурӣ ва махсусан ба иқтисодиёти мо зарар мерасад. Барои мисол, маълумот дар бораи сарватҳои зеризаминӣ. Вақте сармоягузорҳои хориҷӣ меоянд, онҳо бояд донанд. Дар замони Шӯравӣ ҳамаи онҳо махфӣ буданд. Бо ташаббуси Саридораи геология, идораи мо ва бо розигии ҳукумат ин маълумотро мехоҳем мухтасар кунем. Ё феҳристи баъзе сохтмонҳои муҳим аз ҷониби Вазорати саноат ва ширкати «Барқи тоҷик» пешниҳод шуданд. Вақте ки сармояи хориҷӣ меояд, сармоягузор бояд, ки бо онҳо шинос шавад. Захираи маъдан, макони мавҷудияти он ва шароити истифодаи онро бояд бидонад. Вагарна ӯ сармоягузорӣ карда наметавонад. Ин корҳоро мо анҷом медиҳем. Мувофиқи қонун ин ҳама дар салоҳияти президент аст ва ба ӯ пешниҳод карда истодаем ва танҳо баъд аз амри раисҷумҳур сармоягузори хориҷӣ, ки ҷиддан мехоҳад коре бикунад маълумотро ба ӯ мекушоем.

"СУЛҲ, СУЛҲ ВА БОЗ СУЛҲ"

Суол: Назарҳо ба сулҳи тоҷикон мутафовит аст. Масалан, он намуна буда метавонад, чун як ҷониб ҷониби дигарро аз саҳна хориҷ кард?

Сайидамир Зуҳуров: Ба он тараф кор надорам, дар қисмати дуюми саволатон. Вале боз мегӯям, ки ягона боигарии хубе, ки мо дар тӯли истиқлолиятамон ба даст овардем, ҳамин сулҳ аст. Кадом камбудии дигар надошта бошем, рехтани хуни тоҷик бас шуд, мардум озод мегардад. Кӯдакони ман мактаб рафта наметавонистанд, дар ҳоле ки ман вазир будам. Ҳамроҳ бо автоматдорҳо мерафтанд.

Имрӯз куҷое, ки мегардад кӯдаки ман ё набераам, хотири ман ҷамъ аст, ки шаб ба хона бармегардад. Фикр мекунам, ки аксарияти мардуми тоҷик ин назарро доранд. Барои халқ ҳеҷ чиз даркор нест, оромӣ, шиками сер ва фарзандҳояш дар пешаш бошад. Дигар гапу калочае, ки ҳаст байни сиёсатмадорҳо ҳаст. Мо бояд пеш аз ҳама аз назари манфиати умум гап занем, ҳама чизи дигарро як тараф гузорем. Дигараш бозиҳои сиёсӣ аст, ки ман ба онҳо шарик нестам ва шарик ҳам намешавам.
Сайидамир Зуҳуров, сардори Идораи ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистон, дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм карда, фаъолияти кории худро ба ҳайси омӯзгор шурӯъ мекунад. Сипас, барои кор ба Кумитаи амният даъват мешавад.

Мактаби Кумитаи давлатии амнияти миллиро хатм карда, солҳои 1981 ва 1982 шунавандаи давраҳои омӯзиши забони форсӣ дар Донишгоҳи ин кумита будааст. Солҳои 1983-84 дар Афғонистон супоришҳои махсусро иҷро мекард. Пас аз он муовини сардори Идораи КГБ-и собиқ вилояти Кӯлоб таъйин мешавад.

Соли 1992 дар Иҷлосияи Хуҷанд раиси Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон таъйин мегардад. То таъйин шуданаш дар вазифаи сардори Идораи ҳифзи сирри давлатӣ дар соли 2006, дар вазифаҳои вазири умури дохилӣ, муовини сарвазир ва раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадот фаъолият кардааст.

Соҳиби 8 фарзанд аст. Рутбаи низомии генерал-полковникро дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG