Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Лондон барои баррасии вазъи Либия


Имрӯз кишварҳои муҳими ҷаҳон дар Лондон мулоқот мекунанд, то амалиёти минбаъдаи башарӣ ва равандҳои сиёсӣ дар Либияро ба баррасӣ кашанд. Дар он Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ ва Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико ширакат хоҳанд дошт. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки нируҳои мухолифи Муаммар Қаззофӣ ба ба сӯи пойгоҳҳои вай пеш мераванд. Нируҳои эътилофи байналмиллалӣ пойгоҳҳои Қаззофиро тибқи муқаррароти қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ барои дифоъ аз шаҳрвандони Либия дар баробари ҳамлаҳои нируҳои вай бомбборон мекунанд. Интизор меравад, ки дар мулоқоти Лондон намояндагони бештар аз 35 кишвар ширкат варзанд. Дар остонаи ин мулоқот Дэвид Камерон-нахуствазири Британия ва Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса аз Қаззофӣ хостанд, ки аз мақоми худ истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG