Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмиллал нируҳои Қаззофиро муттаҳам кард


Гурӯҳи Амнести Интернешенал ё Афви Байналмиллал нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро муттаҳам кардааст, ки маъракаи созмонёфтаи бедарак сохтани одамонро пеш мебарад, то бад-ин тариқ мухолифони худро заиф созад. Амнести Интернешенал мегӯяд, кормандонаш дар Либия далоиле дар даст доранд, ки бештар аз 30 нафар бедарак шудаанд ва дар миёни онҳо фаъолони сиёсии Либия ва афроде ҳастанд, ки аз мухолифон ҷонибдорӣ кардаанд. Бино ба гузоришҳо, ҷонибдорони мухолифон ба таври мунтазам боздошт ва бидуни иртибот бо дигарон дар ҷойҳои вижа нигоҳдорӣ мешаванд. Дар эъломияи Амнести Интернешенал омадааст, ин нишонаҳо мушоҳида мешавад, ки чунин афрод мавриди шиканҷаву озор қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG