Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон ба ҷуз аз обпошӣ ба реакторҳо чораи дигар надорад


Ҳукумати Ҷопон мегӯяд, ба ҷуз аз рехтани оби бештар ба реакторҳои осебдидаи Фукушима чораи дигар надорад, то аз об шудани заррачаҳои ҳастаии ниругоҳ пешгирӣ кунад. Юкио Эдано-дабири аввали кобинаи Ҷопон ба хабарнигорон гуфт, чунин кор “ҳатмист”, бо вуҷуди он ки хатари хуруҷи радиоактиф бештар мешавад. Пештар Ниото Кан-нахуствазири Ҷопон дар ҷаласаи кумитаи порламони кишвараш гуфт, ки ҳукумат дар робита бо бӯҳрони ин ниругоҳ дар ҳолати “омодабоши комил” боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG