Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯи афғон дар зиндони Австралия худкушӣ кардааст


Ҷасади як ҷавони афғонро, ки аз Австралия дархости паноҳандагӣ мекард, баъд аз 10 моҳи боздошт дар зиндон пайдо карданд. Вай барои он дар боздошт ба сар мебурд, ки бояд дар бораи сарнавишти баъдиаш роҷеъ ба паноҳандагӣ тасмим мегирифтанд. Ҳомиёни ҳуқуқи паноҳҷӯён мегӯянд, дар давоми 7 моҳи гузашта ин панҷӯмин паноҳҷуст, ки дар чунин шароит даст ба худкушӣ мезанад. Ин ҷавони 19-сола аз ҳазораҳои Афғонистон будааст, ки бо қоиқ худро ба Австралия расондааст.
XS
SM
MD
LG