Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар як бозии санҷишӣ дар Туркия аз тими “Нефтехимик”-и Нижнекамски Русия бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Рақиби футболбозони тоҷик аз дивизиони дуввуми футболи Русия буд. Футболбозони рус дар муддати 30 дақиқаи нимаи аввали дидор ду гол заданд.
“Регар-ТадАЗ” пас аз бозгашт аз Туркия барои Суперкубок ё Ҷоми олӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо тими“Истиқлол”, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рақобат хоҳад кард...


Як голи “Регар”-ро ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 39-ум ба самар расонд. Панҷ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ “Нефтехимик” ба дарвозаи рақибаш тӯби саввумро ворид кард.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” дар шаҳри Белеки Туркия боз се бозии санҷишӣ анҷом хоҳад дод. Рақиби навбатиаш тими “Смена”-и Комсомолски соҳили Амур мебошад. Ин даста низ дар дивизиони дуввуми минтақаи “Шарқ”-и Русия бозӣ мекунад.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Ба иттилои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Регар-ТадАЗ”, ҷамъомади таълимиву тамринии футболбозони тоҷик дар Туркия то рӯзи 5-уми апрел идома меёбад.

“Регар-ТадАЗ” пас аз бозгашт аз Туркия барои Суперкубок ё Ҷоми олӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо тими “Истиқлол”, қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рақобат хоҳад кард.

Баъдан “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи XX қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки авоили моҳи апрел шурӯъ мешавад, ширкат меварзад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG