Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Шри-Ланка бозии дӯстона анҷом дод. Ин бозӣ дар шаҳри Коломбо бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон ба охир расид. Дар нимаи дуввум Иброҳим Рабимов, капитани дастаи Тоҷикистон ва Дилшод Восиев ду гол ба самар расонда, ҳисобро тағйир доданд. Вале се дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ мизбонон ҳисобро баробар карданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд: Алишер Тӯйчиев, Даврон Эргашев, Соҳиб Сувонқулов (Асадулло Нуруллоев), Фурӯғ Қодиров, Аҳтам Назаров, Маҳмадалӣ Содиқов (Нуриддин Давронов), Иброҳим Рабимов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Низом Раҳимов), Комил Саидов, Фарҳод Тоҳиров (Давронҷон Тухтасунов).

Бозии ҷавобии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Шри-Ланка ва Тоҷикистон имрӯз, 29-уми март, дар шаҳри Коломбо баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG