Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама мегӯяд, пас аз зарбаҳои Эътилоф нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ба таври ҷиддӣ заиф шудаанд

Дар як суханронӣ дар Донишгоҳи миллии дифоъ дар Вашингтон Обама гуфт, Эътилофи кишварҳои ғарбӣ тавонист аз идомаи ҳамлаи нерӯҳои ҳукумати Либия ба мавқеъҳои ошӯбгарон ҷилавгирӣ кунад.
Холид Қоим, муовини вазири умури хориҷии Либия, аз ширкатдорон хост, ки на барои идомаи ҷангу ҷидол, балки барои сулҳи оромӣ дар кишвараш талош кунанд...


Ӯ афзуд, ки шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе раҳбари нерӯҳои байнулмилалӣ дар Либия ба дӯши Паймони НАТО вогузор мешавад.

"Ин вогузорӣ аз Иёлоти Муттаҳида ба НАТО рӯзи чаҳоршанбе сурат мегирад. Назорати минтақаи мамнӯъ барои парвозҳо ва дифоъ аз мардуми осоишта дар замин ба ихтиёри ҳампаймонҳои мо мегузарад ва ман комилан мутмаинам, ки эътилофи мо болои нерӯҳои боқимондаи Қаззофӣ фишор меоварад",-изҳор намуд Барак Обама.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико
Ба гуфтаи ӯ, дар ин талошҳо Амрико бештар нақши пуштибонро мебозад ва аз пуштибонии истихборотӣ, фаннӣ, ҷустуҷӯ ва наҷот ва тахриби мухобироти режим кор мегирад.

Имрӯз, дар Лондон ҳайатҳои тақрибан 40 кишвар дар як конфронс мавзӯи фардои Либияро баррасӣ хоҳанд кард.


"ЛИБИЯРО БА ВАРТАИ ҶАНГ ТЕЛА НАДИҲЕД"


Дар арафаи нишаст Холид Қоим, муовини вазири умури хориҷии Либия, аз ширкатдорон хост, ки на барои идомаи ҷангу ҷидол, балки барои сулҳи оромӣ дар кишвараш талош кунанд.

Дар як нишасти хабарӣ дар Триполӣ ӯ гуфт, кишварҳои хориҷӣ набояд Либияро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела диҳанд. Холид Қоим ба дар робита ба мавзӯи баҳси конфронс ба аҳли нишаст ёдрас намуд, ки "фақат мардуми Либия ҳаққи интихоби фардои кишвар доранд".

Дар худи Либия ошӯбгарон талоши ба даст овардани шаҳри Сирт, такягоҳи асосии нерӯҳои ҳукуматӣ ва зодгоҳи Муаммар Қаззофиро доранд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи душанбе онҳо бидуни мамониат сӯи манотиқи ғарби кишвар ҳаракат карданд ва аммо дар наздикиҳои шаҳр ба муқовимати шадиди нерӯҳои ҳукуматӣ рӯба рӯ ва барои ақибнишинӣ маҷбур шуданд.

Ошӯбгарон баъди нокомӣ ба шаҳри Бин Ҷавод баргаштанд ва, бар пояи хабарҳо, мехоҳанд барои забти Сирт дубора талош кунанд. Яке аз ошӯбгарон дар сӯҳбат бо хабарнигори Рейтер иқрор намудааст, ки таҳти назорат гирифтани Сирт ва идомаи ҳаракат сӯи Триполӣ осон нахоҳад буд.

“Вале мо қафо гаштанӣ нестам ва дар ин ҷо дуру дароз боқӣ намемонем” – гуфтааст ошӯбгари либиягӣ.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки тайи чанд рӯзи ахир нерӯҳои зиддиҳукуматӣ бандарҳои калидии Рас-Лануф, Брега, Бин Ҷавод ва Ағейлуро таҳти назорат гирифтанд.



НАТО ПУШТИБОНИ ЯГОН ГУРӮҲ НЕСТ?

Генерали канадагӣ Шарл Бушар, фармондеҳии амалиёти НАТО, сару садоҳоеро, ки ҳавопаймоҳои эътилоф ба хотири кӯмак ба ошӯбгарон ба мавқеъҳои нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ зарба мезананд, рад кард.

Дар як нишасти хабарӣ ӯ гуфт, ки ҳадафи мо дифоъ аз мардуми осоишта аст ва мо бо ҳар баҳое, ки набошад, ба ин ҳадафамон мерасем.

Дирӯз вазорати дифоъи Бритониё таъйид намуд, ки ҳавопаймоҳои кишвар
Сергей Лавров
анборҳои зеризаминии силоҳро дар ҷануби Либия нобуд сохтанд. Аз ин пеш ҳавопаймоҳои низомии Фаронса ба маркази фармондеҳии нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ дар наздикиҳои Триполӣ чанд бомб партофтанд.

Ба назар мерасад, ки амалиёти эътилофи таҳти фармони НАТО ба Маскав хуш наомадааст. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии эътилофро маҳкум кард.

Дар як нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои қирғизаш дар шаҳри Маскав , Лавров гуфт, ки зарбаҳои ҳавоӣ – берун аз ваколатҳоест, ки Шӯрои амнияти СММ барои ширкатдорони амалиёт муқаррар кардааст. “Мо чунин мешуморем, ки қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба дахолати эътилоф ба ҷанги дохиливу дар асл шаҳрвандӣ иҷоза надодааст”, гуфт вазири умури хориҷии ИМА.

ДАЪВАТИ НАВ БАРОИ ИСТЕЪФОИ ҚАЗЗОФӢ

Рӯзи душанбе раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва сарвазири Бритониё Дэвид Камерон дар як изҳороти муштарак аз раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ даъват намуданд, ки аз қудрат канор равад.

Онҳо аз ҷонибдорони Қаззофӣ хостанд, ҳоло, ки дер нашудааст, аз пуштибонии ӯ даст бардоранд. Саркозӣ ва Камерон ҳамчунин аз мухолифони Либия даъват намуданд, ки аз ҳоло таҳкурсиро барои гузаштан ба демократия баъд аз истеъфои Қаззофӣ омода намоянд.

Ахиран Қатар нахустин кишвари арабӣ гардид, ки Шӯрои муваққатии миллии таъсискардаи ошӯбгаронро чун намояндаи расмии мардуми Либия эътироф кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG