Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ба таври ҷиддӣ заъиф шудаанд ва эътилофи байнулмилалӣ, ки бар пояи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ амал мекунанд, ҳамлаи ин нерӯҳо ба мавқеъҳои ошӯбгаронро боздоштааст.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар як суханронӣ дар Донишгоҳи миллии дифоъ дар Вошингтоон авзоъ дар Либияро ҳамин гуна тавсиф кард.

Раисиҷумҳури ИМА ҳамчунин гуфт, ки шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе раҳбари нерӯҳои байнулмилалӣ дар Либия ба дӯши Паймони НАТО вогузор мешавад.

Обама афзуд, ки "ин вогузорӣ аз ИМА ба НАТО рӯзи чаҳоршанбе сурат мегирад. Раҳбарии назорати минтақаи мамнӯъ барои парвозҳо ва дифоъ аз мардуми осоишта дар замин ба ихтиёри ҳампаймонҳои мо мегузарад ва ман комилан мутмаинам, ки эътилофи мо болои нерӯҳои боқимондаи Қаззофӣ фишор меоварад".

Дар ин талошҳо, ба гуфтаи Барак Обама, ИМА нақши пуштибонро хоҳад бозид ва аз пуштибонии истихборонӣ, таъминоти фаннӣ, кӯмак бо молу мавод, ҷустуҷӯ ва наҷот ва тахриби мухобироти режим кор мегирад.

Қарор аст, ки имрӯз ҳайатҳои тақрибан 40 кишвар дар Лондон дар конфаронсе бахшида ба ояндаи Либия ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG