Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Уаттар ба нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамла мекунанд


Дар кишвари Соҳили Оҷ ҷонибдорони Алассан Уаттар, ки аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон шудааст, ҳамлаи нав ба мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматиро шурӯъ намуданд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи асосӣ зери назорат гирифтани дар он қитъаи марз бо Либерия аст, ки аз он ҷо бо даъвати раисиҷумҳури бохта Лоран Гбагбо гурӯҳҳои нави зархаридон вориди Соҳили Оҷ мешаванд.

Бар пояи арзёбии СММ, бар асари низоъи мусаллаҳона дар ин кишвари воқеъ дар ғарби Африқо, ки аз моҳи декабр ба ин сӯ идома дорад, аллакай беш аз 450 нафар кушта ва тақрибан миллион нафар бехонумон шудаанд.
XS
SM
MD
LG