Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Косово ғайриқонунӣ интихоб шудааст


Додгоҳи Қонуни асосии Косово интихоби Беҷет Пакколиро дар мақоми раисиҷумҳур ғайриқонунӣ эълон кард.

Ариза дар бораи ғайриқонунӣ интихоб шудани Пакколӣ аз сӯи мухолифин ба Додгоҳи Қонуни асосӣ ирсол шуда буд, ки далелҳои зиёди қонуншиканӣ дар ҷараёни овоздиҳӣ дар парлумонро ошкор карда буданд.

Ин дуввумин қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ дар бораи қатъи ваколатҳои раисиҷумҳур дар ним соли ахир аст. Моҳи сентябр раисиҷумҳури пешин Фатмир Сейдиу, ки бар хилофи қонун раҳбарии ҳизби сиёсиро низ бар ӯда дошт, аз мақомаш барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG