Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 корманди амниятии Покистон дар як даргирӣ


Дар Покистон дар як даргирӣ бо афроди мусаллаҳи мухолифи ҳукумат дасти кам 11 корманди хадамоти амниятӣ ба ҳалокат расиданд. Онҳо ба иҳотаи ошӯбгарон уфтоданд.

Даргирӣ дар минтақаи Хайбар-Пахтунхва, дар наздикиҳои марзи Афғонистон, ба вуқӯъ пайваст, ки он ҷо мусаллаҳони шабакаи «Ал-Қоида» ва ҷунбиши «Толибон» мустақаранд.

Тайи ду соли ахир дар ин мавзеъ чанд амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи ин гурӯҳҳо сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG