Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравҳо дар Қафқоз 2 корманди полисро куштанд


Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар як даргирӣ бо шӯришиён дар Ингушистон дар Қафқози Шимолӣ як корманди полис кушта, як нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Кормандони полис дар деҳаи Верхний Алкун бар зидди тундравҳо амалиёт анҷом медоданд ва дар ҷараёни амалиёт тундравҳо аз хонае ба сӯи онҳо оташ кушодаанд. Дар Доғистони ҳамсоя низ шаби якшанбе мардони мусалалҳи номаълум як сарбозро ҳадафи тир қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG