Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Радари наҷотбахш"-и донишманди тоҷик дар Ҷопон


Ғайрат Икромов, донишманди тоҷик (аз тарафи чап)
Ғайрат Икромов, донишманди тоҷик (аз тарафи чап)

Номи Ғайрат Икромов, донишманди ҷавони тоҷик, пас аз заминларзаи 11-уми март дар Ҷопон рӯи забонҳо омад.

Бо ин ҳол, исми ин донишманди ҷавони тоҷик, ҳанӯз барои ҷомеаи Тоҷикистон ноошност ва дар расонаҳои ин кишвар низ дар бораи ӯ чизе гуфта намешавад.
20 сол боз дар Ҷопон зиндагӣ дорам ва ба Тоҷикистон ду бор рафтам. Дар шиноснома тоҷик муаррифӣ шудаам ва ҳеҷ вақт инро пинҳон ҳам намедоштам...


Ғайрат Икромов, раҳбари кулли ширкати "Лайф Сенсор"-и Русия ба сифати як донишманду шахсияти муваффақ пас аз зилзилаи 9-балии Ҷопон шинохта шуд.

Имрӯз ҳазорон нафари дар пайи ин заминларза беному нишоншуда тавассути асбоби ҷустуҷӯӣ ё радари ихтироъкардаи Ғайрат Икромов аз зери вайронаҳо берун оварда мешаванд.

АЗ МАСКАВ ТО ҶОПОН

Ин асбоб "Радари наҷотбахш" ном дорад, махсус барои наҷоти одамони дар пайи офатҳои табиӣ беному нишоншуда пешбинӣ гардидааст, ки сар аз соли 2002 истеҳсол мешавад.



Ба гуфтаи ин донишманди ҷавон, муваффақияти фанноварии пешниҳодкардаи ӯ ба фарқ аз дигар чунин таҷҳизот ин аст, ки истифодаи он ба маротиб осон ва нархаш ҳам арзонтар будааст.

Вай дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, "дар бисёр ҳолат ин радар одамонро аз марг наҷот додааст. Барои мисол, соли 2004 дар шаҳри Нигато тавассути ин асбоб писараке ёфтаву наҷот дода шуд, ки 96 соат дар зери мошини сарозер шуда монда буд. Ӯ зинда берун оварда шуд. Дар Сичуени Хитой дар соли 2008 ба воситаи ин радар, чандин нафар аз зери вайронаҳо наҷот ёфтанд. Чунин мисолҳо зиёданд."

Ғайрат Икромов дар Русия ба воя расида, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Маскав барои кор ва пажӯҳиш ба Ҷопон сафар мекунад ва дар ҳамон ҷо оиладор мешавад.

ДОНИШМАНДИ ТОҶИК Ё РУС?

Ғайрат Икромов
Имрӯз дар расонаҳои Русияву Ҷопон ӯ чун донишманду муҳандиси рус муаррифӣ мешавад ва аз тоҷик буданаш дар ҷое ёдоварӣ нашудааст. Вале худи Ғайрат дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ӯ тоҷик аст ва тоҷик боқӣ мемонад.

"Падарам тоҷик, олими илмҳои риёзӣ аст ва дар Донишгоҳи давлатии Маскав дарс мегӯяд. Ман ҳам аз рӯи ихтисос риёзидонам. Вале 20 сол боз дар Ҷопон зиндагӣ дорам ва ба Тоҷикистон ду бор сафар доштам. Дар шиноснома тоҷик муаррифӣ шудаам ва ҳеҷ вақт инро пинҳон ҳам намедоштам. Албатта, наметавонам гӯям, ки дар бораи Тоҷикистон хеле зиёд иттилоъ дорам, аммо роҷеъ ба таърихи ин кишвар маълумот дорам ва хешу наздикони зиёдам дар Душанбе зиндагӣ мекунанд",-афзуд ӯ.

Наздикони Ғайрат Икромов дар Душанбе аз шӯҳрату ихтирооти ин донишманди ҷавон тариқи интернет хабар ёфтаанд. Саъдиннисо Ҳакимова, модаркалони ӯ, бо хушҳолӣ мегӯяд, агарчӣ Ғайрат аз онҳо дур ба воя расидааст, аммо аз ӯ ояндаи хуберо интизор доштанд.

ТОҶИКИСТОН АСТ, КИ КАМ ИФТИХОР МЕКУНАД

"Радари наҷотбахш"
"Лайф Сенсор" ширкати Ғайрат Икромов, ки ба истеҳсоли радарҳои наҷобахш машғул аст, имрӯз нисфи зиёди бозори Ҷопонро ишғол кардааст. Ин ширкат дар Русия фаъолият дорад ва беш аз 40 нафарро бо ҷойи кор таъмин кардааст.

Ғайрат мегӯяд, дастёбӣ ба муваффақият дар ин соҳа, бахусус дар кишваре мисли Ҷопон, ки чун "шоҳи фанновариҳои ҷадид" шинохта мешавад, кори осон нест.

Вай гуфт, "Онҳо хориҷиёнро ба зудӣ намепазиранд. Аммо моро қабул карданд ва ҳоло мо барои наҷоти мардуми ин кишвар кӯмак мекунему ҳамкории дуҷониба дорем."

Ҳамин тавр, фанноварии истеҳсолу пешниҳодкардаи ин донишманди ҷавони тоҷику шаҳрванди рус, яъне "Радари наҷотбахш", имрӯз берун аз Русияву Ҷопон низ маъруф шудааст. Вале ин Тоҷикистон аст, ки дар бораи фарзанди худ кам медонад ва ҳам кам ифтихор мекунад.
XS
SM
MD
LG