Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Ҳинду Покистон дар сояи бозии крикет


Аз соли 2008 ба ин сӯ, яъне баъд аз ҳамлаи террористӣ дар Мумбай имрӯз намояндагони боломақоми Ҳиндустону Покистон бори аввал ба музокироти расмии сулҳ нишастанд. Вазирони дохилии ҳар ду кишвар дар Деҳлӣ музокиротро оғоз карданд. Баъд аз ҳамлаи террористии соли 2008 дар Мумбай, ки 166 нафар кушта барҷой гузошт, раванди музокироти сулҳ қатъ шуда буд. Музокироти кунунӣ ду рӯз идома меёбад. Ҳамзамон Манмуҳон Сингҳ-нахустваазири Ҳиндустон аз Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон даъват кардааст, ки рӯзи чаҳошанбе бозии ниманиҳоии крикети ду кишварро як ҷо бубинанд.
XS
SM
MD
LG