Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА ҳамла ба рӯзноманигори озариро маҳкум кард


Сеймур Ҳазиев-рӯзноманигори озарӣ

Сеймур Ҳазиев-рӯзноманигори озарӣ

САҲА ҳамлаи ахир ба як рӯзноманигори нашрияи Озарбойҷонро маҳкум кард ва аз ҳукумат хост, ки хушунат бар зидди рӯзноманигоронро хотима диҳад. Дунҷа Миятович-намояндаи озодии матбуот дар САҲА ҳамлаи рӯзи шанбе ба Сеймур Ҳазиевро “ғайри қобили қабул” хонд. Ҳазиев яке аз ҷавонони фаъол ва нависанда дар рӯзномаи “Азадлиқ”-и мухолифон аст. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, 6 марди ниқобпӯш рӯзи шанбе шабона дар роҳ ҳангоми баргашт аз кор ба хона вайро рабудаанд ва шаллоқ задаанд. Ба вай таҳдид кардаанд, ки агар дар оянда низ бар зидди сиёсатҳои давлату ҳукумат мақола нависад, ҳолаш бад хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG