Пайвандҳои дастрасӣ

Мизи Гирди IWPR барои пешгирӣ аз хушунати хонаводаӣ


29-30 март дар Душанбе Мизи Гирди минтақавӣ зери унвони «Мушкилоти хушунати хонаводаӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва механизмҳои муҳофизат аз он» баргузор мешавад ва дар он коршиносон аз чор кишвари минтақа ширкат меварзанд. Ин Мизи Гирдро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи марказӣ якҷо бо Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд. Дар он лоиҳаҳои «Дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва таълими ҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба инъикоси масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ихтилофҳо ва истиқрори боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG