Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷорҳои бузург дар корхонаи муҳимоти Яман


Сокинони атрофи корхонаи тавлидоти муҳимоти ҷангии Яман дар Санъо гуфтаанд, баъд аз он ки ин корхонаро гурӯҳҳои шӯришӣ ба тасарруфи худ дароварданд, чанд инфиҷори бузург дар ин корхона рух додааст. Бино ба гузоришҳо, мардони мусаллаҳ аз гурӯҳи Салафӣ Ҷиҳод рӯзи якшанбе ин корхонаро забт кардаанд. Сабаби инфиҷор маълум нашудааст. Вале сокинон мегӯянд, ки баъд аз инфиҷор чуру чаповули корхона ба назар расидааст. Мақомоти расмӣ ва кормандони бемористон гуфтаанд, ки дар ин инфиҷорҳо дастикам 70 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG