Пайвандҳои дастрасӣ

Қатар Шӯрои мухолифони Либияро расман эътироф кард


Имрӯз Қатар Шӯрои мухолифони Либияро ба таври расмӣ эътироф кард ва баъд аз Фаронса дуввумин кишвар аст, ки Шӯрои Миллии давраи гузори Либияро ба расмият мешиносад. Ин шӯро аз 31 узв иборат аст ва дар он намояндагон аз шаҳрҳои аслӣ ва минтақаҳои Либия узвият доранд. Аз 31 нафар танҳо номи 13 нафари онҳо ошкоро эълон шудааст. Шӯро мегӯяд, ошкор кардани номи ононе, ки дар минтақаҳои зери нуфузи нируҳои Муаммар Қаззофӣ қарор доранд, барои чунин аъзо хеле хатаровар аст.
XS
SM
MD
LG