Пайвандҳои дастрасӣ

13 кушта дар инфиҷоре дар Пактикои Афғонистон


Бино ба гузоришҳои расида аз Афғонистон, дар шарқи ин кишвар дар натиҷаи инфиҷори як мошини бории ширкати сохтмонӣ 13 нафар кушта, 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузории Франс Пресс иттилоъ додааст, ки ба ин мошин маводи мунфаҷира бор карда будаанд ва он шаби якшанбе дар вулусволии Бармоли вилояти Пактико мунфаҷир шудааст. Мақомоти вилоятӣ ин инфиҷорро ҳодисаи интиҳорӣ арзёбӣ кардаанд. Кушташудагон ва маҷруҳон аслан коргарони ширкати сохтмонӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG