Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешравии нируҳои мухолифони Қаззофӣ дар Либия


Нируҳои мухолифи Қаззофӣ дар Рас Лануф
Нируҳои мухолифи Қаззофӣ дар Рас Лануф
Нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия ақибнишиниро идома медиҳанд, дар ҳоле, ки нируҳои мухолифон бо истифода аз имкони ба вуҷуд омада дар минтақаи ғайрипарвоз назорат бар ҳамаи полоишгоҳҳои аслии нафт дар шарқи Либияро ба даст даровардаанд. Минтақаи ғайрипарвоз баъд аз тасвиби қатъномаи Шӯроии Амнияти СММ ҷорӣ шуд. Ҳоло назорат бар шаҳрҳои соҳилии Рас Лануф, Брега, Уқайла ва Бин Ҷавод дар ихтиёри мухолифони Муаммар Қаззофист. Пештар Аҷдабия низ ба дасти мухолифон гузашта буд.
XS
SM
MD
LG