Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷии Тоҷикистон аз Аврупо боздид мекунад


Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ
Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои боздиди расмӣ аз Шветсария озими ин кишвар шудааст. Вай дар Берн бо раҳбарони Шветсария роҷеъ ба ҳамкориҳо дар бахшҳои зистмуҳитиву нақлиёт, энерживу мухобирот гуфтугӯ мекунад. Мулоқоти Зарифӣ бо Ян Кубиш-раиси иҷроии Кумиссиюни иқтисодии Аврупо низ дар назар гирифта шудааст. Интизор меравад, ки вазири хориҷии Тоҷикистон дар 64-ӯмин иҷлоси ин кумиссиюн суханронӣ кунад. Боздиди Зарифӣ баъд аз Шветсария аз Австрия идома меёбад ва вай дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG