Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озмуни театрҳои касбӣ - "Парасту -2011" бо намоишномаи "Рӯдакӣ" ва дар таҳияи Ҳошим Гадо ифтитоҳ шуд.

Дар ин ҷашнвора 15 театр аз шаҳрҳо ва ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон иштирок доранд, ки ҳар кадоме бо намоишномаи хосе хотири тамошобинон ва бахусус ҳакамони озмунро болида хоҳанд сохт.
Муддати чанд соли ахир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба сабаби мушкилоти молӣ ҷашнвораи "Парасту" ва ҳамчунин фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ - "Наврӯз"-ро манъ карда буд...


Ҷашнвораи имсола ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Ин аст, ки бар асоси низомнома, ба ин озмун бештар асарҳое пешниҳод гардидаанд, ки аз ҷониби драматургони тоҷик дар даврони истиқлолият ва дар мавзӯъҳои муосир офарида шудаанд.

Зиёбой Тошев, аз масъулони ҷашнвораи театрҳои касбии "Парасту-2011" дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, "пеш аз ҳама аҳдофи фестивал бардоште аз асарҳоест, ки дар солҳои охир навишта ва таҳия шудаанд. Дар ин ҷашнвора 17 асари саҳнавӣ, ки 15-тои он озмунӣ ва дуи дигар асарҳои ғайриозмунӣ мебошанд."

"ОЗОДӢ" ВА "АЗОБ"-И ТЕАТРИ ТОҶИК



Ҷаноби Тошев афзуд, намоишномаҳое, ки тавассути театрҳои марказӣ ва музофотӣ ба саҳна гузошта шудаанд, маҳсули коргардонҳои тоҷик - Шодӣ Солеҳ, Нурулло Абдулло, Нозим Меликов, Давлат Убайдуллоев, Тоҳир Маҳмадризоев, Баҳром Миралибеков, Раҳмон Одинаев буда, дар меҳвари ин асарҳо мавзӯъҳои таърихӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстию ватандорӣ, ишқу баҳор ва муҳоҷират қарор доранд.

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик
Аммо бархе аз коргардонҳо ва ҳунармандони театри тоҷик аз чунин усулу шеваи баргузории ҷашнвораи "Парасту-2011", ки бояд драматургияи даврони истиқлол ва мавзӯи намоишномаҳо муосир бошанд, интиқод карданд ва мегӯянд, ин маҳдуд кардани театр ва драмматургия аст.

Барзу Абдураззоққов, коргардон ва ҳунаршиноси тоҷик, дар ин бора мегӯяд, "маҷбур кардани театр, ки ҳатман ҳамин шавад ва 20-солагии истиқлол асту як пйесаи бадеиро рӯи саҳна биорӣ, ҳам театрро азоб медиҳӣ, ҳам сатҳи театрро паст мекунӣ ва ҳам аз озодӣ маҳрум мекунӣ. Ман фикр мекунам, ки "Парасту" ҳунаре аст, ки озод ҳастӣ ва ҳар чӣ дилат мехоҳад онро ба намоиш мегузорӣ. Мехоҳӣ Молерро мегузорӣ, мехоҳӣ Шекспирро, мехоҳӣ Чехов ва дигарро. Аммо аз ин ҷиҳат ин маҳдудият чӣ ҳосил мешавад. Ба ин далел мумкин набуд, ки сатҳи фестивалро ба ин дараҷа паст фарорем. Ман намедонам аз ин чӣ ҳосил мешавад. Масалан, ҷашнвораи Чехов ин гуна маҳдудият намегузорад."

ДАР ТАЛОШИ ДРАМАТУРГИЯИ МИЛЛӢ

Аммо Зиёбой Тошев, яке аз масъулони фестивал-озмуни театрҳои касбии "Парасту-2011" ин гуна танзими ҷашнвораро маҳдудият намедонад, балки ба ин бовар аст, ки "солҳои охир драматургони тоҷик низ асарҳои зиёдеро навиштанд ва қисми зиёди онҳо рӯи саҳна омаданд ва бардошт аз онҳо ба он хотир зарур аст, ки мо тавонем ба мактаби драматургии худ баҳо диҳем ва онро созмон диҳем. Албатта, як бахши умдаи фестивал ин такя кардан ба драматургияи худамон аст. Лекин мақсади фестивал инкори асарҳои дармавии классикаи ҷаҳонӣ ва дарматургони классика ва муосири кишварҳои гуногун нест."

БОЗОР СОБИР ДАР ТЕАТР

Бозор Собир, шоири тоҷики муқими Амрико
Дар канори намоишномаҳои драмавии насрӣ, коргардон Нозим Меликов, аз театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, асари лирикиеро ба ашъори Бозор Собир, шоири тоҷики муқими Амрико, бо номи "Шабе дур аз ватан" ба саҳна гузоштааст, ки дар ҷашнвораи имсола ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Ин барои нахустин бор аст, ки театрҳои Тоҷикистон намоишномаеро бар пояи ашъори Бозори Собир, шоире, ки 16 сол боз дар Амрико дар ҳиҷрат ба сар мебарад, рӯи саҳна меоранд.

Нахустнамоиши "Шабе дур аз ватан" дар чаҳорчӯби ҷашнвораи "Парасту" рӯзи шанбеи дувуми апрел доир хоҳад шуд.

АЗ "ПАРАСТУ" ТО "НАВРӮЗ"
"Парасту-2011" рӯзи севуми апрел, ду рӯз қабл аз баргузории ҷашнвораи байналмилалии "Наврӯз -2011" ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷоизаҳо ва мукофотҳо сарфароз гардонида хоҳанд шуд...


Дар зимн, фестивал-озмуни "Парасту-2011" пас аз чаҳор соли таваққуфи ин ҷашнвора сурат мегирад. Ҳарчанд бар асоси низомнома, фестивал-озмуни театрҳои касбӣ "Парасту" бояд дар ду сол як бор баргузор шавад, вале муддати чанд соли ахир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба сабаби мушкилоти молӣ ин ҷашнвора ва ҳамчунин фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ - "Наврӯз"-ро манъ карда буд.

Ҳамакнун қарор аст дар ҳафтаи оянда ҷашнвораи байнамилалии театрҳои касбӣ - "Нарвӯз-2011" низ доир шавад, ки бар иловаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин театрҳои Эрон ва Афғонистон низ дар шаҳри Душанбе гирди ҳам меоянд.

Аммо ба гуфтаи масъулони ин фестивал ҳанӯз ҷониби Узбакистон мувофиқати худ барои ширкат дар ин фестивалро ироа накардааст. Театри Эрон дар ин ҷашнвора бо намоишномаи "Рӯдакӣ" ширкат хоҳад кард. Аммо ғолиби фестивал-озмуни театрҳои касбӣ - "Парасту -2011", ки шоҳҷоизаи ин ҷашнвораро соҳиб хоҳад шуд, дар "Наврӯз -2011" Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG