Пайвандҳои дастрасӣ

Манотиқи шарқии Ҷопонро заминларзаи нав такон дод, ки нерӯи он ба 6-у ним дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.

Дар бораи осебдидагон ва харобкориҳои ин офати табиӣ ҳанӯз иттилоъ нарасидааст. Хадамоти геологии Амрико ба мақомоти Ҷопон тавсия намуд, ки мардумро аз хатари тсунамӣ огаҳ созанд.

ТАШАШШӮЪИ РЕКОРДӢ

Дар ҳамин ҳол аз нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо” дар бораи афзоиши сатҳи радиатсия ё ташашшӯъ хабар мерасад. Дирӯз раёсати нерӯгоҳ тайид кард, ки дар ин ҷо болотарин сатҳи ташашшӯъ шурӯъ аз 11 март ба ин сӯ сабт шудааст - дар обҳои реактори дуввуми нерӯгоҳ, сатҳи он назар ба нишондоди

маъмулӣ сад ҳазор баробар бештар аст.

Аз ин пештар бархе расонаҳо навиштаанд, ки сатҳи ташашшӯъ дар ин реактор назар ба нишондоди қабл аз садама 10 миллион бештар боло рафтааст ва корманде, ки сатҳи радиатсияро месанҷид, билофосила аз он ҷо фирор кардааст. Ва аммо масъулини “Фукушимо” ин хабарро рад карданд.

Ҳамзамон коршиносон мегӯянд, ки айни ҳол дар оби баҳри наздикиҳои “Фукушимо” моддаҳои радиоактив назар ба давраи пеш аз садама ҳазору 850 баробар бештар сабт шудаанд.

ОБ - ХАТАР БА ҶОНИ ТИФЛОН?

Вале, ба гуфтаи Нозофарин, хабарнигори муқими Токио, мардум бештар аз он нигаронанд, ки об ва бархе маводи ғизоӣ дар шаҳри Токио, ки 240 километр дуртар аз нерӯгоҳ воқеъ аст, низ бо маводи радиоактив олуда шудааст. Ӯ дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин оби олуда бо радиоактив асосан барои тифлон то яксола хатарбор аст.

Аз хонум Нозофарин суол кардем, ки имрӯзҳо вазъ дар Токио ва аз ҷумла рӯҳияи мардум имрӯзҳо чӣ гуна аст?

Ӯ мегӯяд, “касоне, ки дар Токио мондаанд, саъй мекунанд, ки шароитро барои худ одӣ кунанд. Аслан дар шаҳр онҳое мондаанд, ки ё шуғле доранд ва ё ба хотири хонавода нахостаанд Токиоро тарк намоянд”.

Нозофарин меафзояд, ки “мардум ҳар рӯз интизори хабаре гӯш ба қиморанд. Заминларзаву пасларзаҳо имрӯзҳо низ дар ҳамон манотиқе, ки қаблан офати табиӣ рӯх дода буд, рӯх медиҳад ва аммо онро сокинони Токио низ эҳсос мекунанд”.

ҶОПОНИҲО НИЁЗ БА КӮМАК ДОРАНД

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, “ба ҳукумати Ҷопон эътимод дорем ва умедворем, ки хабари дақиқро барои мо мерасанд. Бо вуҷуди ин, ба тавсияҳо рияот

мекунем, бо ниқоби тиббӣ мегардем ва оби олуда ва сабзиҷоти олуда зиёд истифода намекунем”.


Ва аммо, ба гуфтаи Нозофарин, вазъи афроде, ки аз фоҷиа ҷон ба саломат бурдаанд ва аммо бехонумон шудаанд ва ҳамчунин онҳое, ки аз канори нерӯгоҳи “Фукушимо” ба манотиқи амн интиқол ёфтаанд, хело сангин аст.

“Айни ҳол ҳаво дар Ҷопон сард аст ва дар чунин шароит онҳо маводи сӯхт надоранд, ба онҳо гуфтаанд, ки аз хонаҳояшон берун нараванд ва вақте аз хонаҳо берун намераванд, наметавонанд озуқае таҳия кунанд”
–мегӯяд Нозофарин.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо,” шояд ҳеҷ вақт касе ҳатто фикр намекард, ки сокинони Ҷопон воқеъан ҳам ниёзе ба кӯмаки дигар кишварҳо пайдо мекунанд, вале воқеъият ҳамин аст ва мардум алҳол дар чунин шароит ба сар мебаранд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG