Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷрои ҳукми эъдом дар кишварҳои олам коҳиш ёфтааст


Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал дар бораи коҳиши ҳукми эъдом дар кишварҳои олам дар соли 2010 хабар дод.

Дар гузориши ахири ин созмон гуфта шудааст, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 527 нафар эъдом шуданд, дар ҳоле, ки як сол аз ин пеш теъдоди афроди бо ҳукми додгоҳ ба қатлрасида 714 нафар буд.

Ба ин омор теъдоди эъдомшудагон дар Чин ворид нашудааст – Пекин иттилоъ дар бораи иҷрои ҳукми қатлро ошкор намекунад.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, соли 2010 дар Эрон 252 нафар, дар Кореяи Шимолӣ 60 нафар, дар Яман 53 нафар, дар Амрико 46 нафар ва дар Арабистони саъудӣ 27 нафар эъдом шудаанд.
XS
SM
MD
LG