Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод ба Бердимуҳаммадов ҳавопаймо тӯҳфа кард


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, ба ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳавопаймо тӯҳфа кард.

Ба иттилоъи хабаргузории ИРНА, қимати ин ҳавопаймои хурд, ки ҳамагӣ ду ҷойи нишаст дорад, 130 ҳазор доллари амрикоист.

Тӯҳфаи наврӯзиро Аҳмадинажод ба Бердимуҳаммадов дар фурудгоҳи Теҳрон замоне эҳто намуд, ки сарвари Туркманистон барои ширкат дар ҷашни Еаврӯз вориди Эрон шуд.

Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Туркманистон ба шарафи ҷашни Наврӯз ба Эрон ҳазор тонна орд фиристода буд.
XS
SM
MD
LG