Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар шаҳрҳои гуногуни Сурия шурӯъ аз рӯзи ҷумъа беш аз 40 тан ширкаткунандагони намоишҳои зиддиҳукуматӣ боздошт шуданд.

Дар ин бора як созмони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар шаҳри Лондон, хабар дод.

Ба иттилоъи созмони Amnesty International ё Афви байнулмилал, дар Сурия дар маҷмӯъ 93 мухолифи ҳукумат боздошт шудаанд.

Ҳамчунин ҳомиёни ҳуқуқи башар хабар доданд, ки бар асари бархӯрдҳо бо кормандони полис беш аз 120 эътирозгар кушта шудаанд. Мақомоти Сурия ҳалокати тақрибан 30 нафарро тайид кардаанд.

Намоишҳои эътирозӣ дар Сурия ду ҳафта пеш шурӯъ шуданд. Тазоҳургарон ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоиро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG