Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО масъулияти амалиёт дар Либияро бар дӯш гирифт


Паймони НАТО масъули татбиқи ҳама бахшҳои қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Либия таъин шуд.

Дар нишасти намояндагони 28 кишвари узви Паймон дар Брюссел гуфта шуд, ки аз ин баъд НАТО ҳама амалиёт, аз ҷумла, зарбаҳои ҳавоӣ ба хотири дифоъи мардуми осоишта аз ҳамлаи нерӯҳои Муаммар Қаззофиро бар дӯши худ мегирад. Дар ин бора Дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен изҳорот нашр кард.

То имрӯз масъулияти баргузории амалиёти низомӣ дар Либия, ки дар он ёздаҳ кишвари узви Эътилофи байнулмилалӣ ширкат доранд, бар ӯҳдаи Иёлоти Муттаҳида буд.
XS
SM
MD
LG