Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкил шудани корҳо дар нерӯгоҳи Фукушимаи Ҷопон


Кашфи мизони зиёди маводи радиоактив дар яке аз реакторҳои нерӯгоҳи барқи атомии Фукушимаи Ҷопон талошҳо барои монеъ шудан ба фалокати бузургтар дар ин нерӯгоҳро мушкил кард. Ширкати тавзеъи нерӯи барқи Токио аввал гуфт, дар оби ҷамъшуда дар бинои реактори дуввуми нерӯгоҳ мизони радиатсия 10 миллион маротиба бештар аз меъёр аст, вале баъдан изҳор дошт, ки ин рақам нодуруст будааст, вале мизони радиатсия ба ҳаддест, ки барои сиҳатии коргарон хатар эҷод мекунад. Дигар ин ки мақомоти Ҷопон гуфтанд, дар оби дарё дар наздикии нерӯгоҳи Фукушима, олудагии йоди радиоактив кашф шудааст, ки мизони он ҳам аз меъёр 1850 маротиба зиёд аст.
XS
SM
MD
LG