Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳои нав аз шаҳри Лозиқияи Сурия


Бино ба гузоришҳо, воҳидҳои артиши Сурия ба шаҳри бандарии Лозиқия сафарбар шудаанд, ки як рӯз пеш дар онҷо дар ҷараёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ 12 тазоҳургар кушта шуд. Ба гуфтаи фаъолони тазоҳургарон, вақте тазоҳуркунандагон ба оташ задани қароргоҳҳои ҳизби ҳокими Баъс шурӯъ карданд, нерӯҳои амниятӣ ба сӯи онҳо оташ кушоданд. Рӯзи ҷумъа тазоҳурот алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Ассад дар шаҳри Даръо ва дигар шаҳрҳои Сурия ба хушунат печид ва 20 нафар кушта бар ҷой гузошт. Рӯзи шанбе мақомоти Сурия дар талоше барои ором намудани тазоҳургарон 260 зиндониро озод карданд. Ба гуфтаи тазоҳургарон дар ҷараёни тазоҳуротҳои ду ҳафтаина 126 нафар кушта шудаанд, аммо мақомот мегӯянд, теъдоди кушташудагон 27 нафарро ташкил медиҳад ва 20 нафари онҳо тазоҳургарон будаанд.
XS
SM
MD
LG