Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешравии шӯришиёни Либия ба ғарби кишвар


Шӯришиёни Либия дар наздикии роҳ ба сӯи Аҷдабия
Шӯришиёни Либия дар наздикии роҳ ба сӯи Аҷдабия
Шӯришиёни Либия бо ҳимояти ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ, ҳамчунон ба сӯи ғарби ин кишвар пешравӣ карда ва манотиқи бештарро аз дасти нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ пас мегиранд. Як рӯз баъд аз фатҳи шаҳри Аҷдабия ва бандари нафтии Брега онҳо имрӯз ба шаҳри нафтии Рас Лануф ворид шуданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, нерӯҳои байналмилалӣ дар амри иҷрои қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ва ҳифзи ғайринизомиёни Литбия аз дасти нерӯҳои Қаззофӣ ба пешрафтҳои чашмгире ноил шуданд. Дар ҳамин ҳол артиши Фаронса гуфт, ҳавопаймоҳои ҷангиаш панҷ ҷанганда ва ду чархболи мутаалиқ ба режими Муаммар Қаззофиро дар наздикии шаҳри Мисрата, такягоҳи шӯришиён дар ғарби Либия нобуд карданд. Як сухангӯи ҳукумати Қаззофӣ гуфт, ҳамалоти нави ҳавои дар роҳи байни Аҷдабия ва Сирте ба вуқӯъ пайвастааст ва дар натиҷа чанд сарбоз ва ғайринизомиён ҳалок шудаанд. Аммо Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико гуфт, нерӯҳои Қаззофӣ, ҷасадҳоро дар маҳалли ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ мегузоранд.
XS
SM
MD
LG