Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтоии эронии худ Маҳмуди Аҳмадинажод масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон аз тааҳудоти Эрон барои такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 2 то тирамоҳи имсол ва бунёди як корхонаи истеҳсоли семент бо сармоягузории ним миллиард долларӣ ва се шифохона дар Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ кардааст. Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Теҳрон сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG