Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия манотиқи дигарро фатҳ карданд


Шӯришиёни Либия бо ҳимояти ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофӣ чанд минтақаро аз нерӯҳои вафодор ба Муаммар қаззофӣ пас гирифтанд. Шӯришиён рӯзи шанбе шаҳри стротегии Аҷдабия тасарруф карданд, ки ғарби Либияро бо шаҳри шарқии Бенғозӣ ва шаҳрии нафтии Тобруканд мепайвандад. Шаҳри бандарии Брега низ ба дасти онҳо афтод. Дар ҳамин ҳол артиши Фаронса гуфт, ҳавопаймоҳояш панҷ ҷанганда ва ду чархболи мутаалиқ ба режими Муаммар Қаззофиро дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии шаҳри Мисрата, такягоҳи шӯришиён дар ғарби Либия нобуд карданд. Як сухангӯи ҳукумати Қаззофӣ гуфт, ҳамалоти нави ҳавоӣ дар роҳи байни Аҷдабия ва Сирте ба вуқӯъ пайвастааст ва дар натиҷа чанд сарбоз ва ғайринизомиён ҳалок шудаанд. Аммо Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико гуфт, нерӯҳои Қаззофӣ, ҷасадҳоро дар маҳалли ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ мегузоранд, то айбро ба сари онҳо бизананд.
XS
SM
MD
LG