Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон ҳафт шиъамазҳабро куштаанд


Афроди мусаллаҳ дар як минтақаи қабоилнишини Покистон ҳафт шиъамазҳабро дар дохили як автобус куштаанд. Ба гузориши Радиои Машъал, дар ин ҳамла дар вилояти Хуррам, панҷ тани дигар захмӣ шудаанд. Мусофирбари хурд, аз шаҳри Пешовар, ҳангоми ҳаракат ба самти Парачинор маркази маъмурии Хуррам мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Вилояти Хуррам аз соли 2008 то кунун борҳо шоҳиди низоъҳои хунин миёни шиъа ва суннимазҳабон шудааст, ки дар қисмати болоии он вилоят шиъаҳо ва дар бахши поёнии он сунниҳо зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG