Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нооромиҳо дар Сурия


Тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Сурия рӯзи шанбе низ идома ёфта ва мӯътаризон дар шаҳрҳои Тақс ва Лозиқия, қароргоҳи ҳизби "Баъс»-ро ба оташ кашиданд.

Ҳамчунин бар асоси эъломи Созмони афви байналмилал, дар ҷараёни эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дар Сурия дастикам 55 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтейрз, дар ҷараёни баргузории маросими ҷанозаи кушташудагони рӯзи ҷумъа дар шаҳри Тақс, тазоҳуркунандагон сохтмони қароргоҳи ҳизби «Баъс»-ро ба оташ кашиданд.

Дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматии рӯзи ҷумъа, яке аз тазоҳуркунандагон дар шаҳри Тақс ба зарби гулӯлаи нерӯҳои давлатӣ кушта шуда буд.

САРЗАМИНИ ШОМ ҲАМ НООРОМ ШУД

Рӯзи ҷумъа бисёре аз шаҳрҳои Сурия аз ҷумла шаҳрҳои Димишқ, Даръо, Тал, Ҳамо, Ҳимс ва Лозиқия саҳнаи баргузории тазоҳуроти зиддидавлатӣ буд ва гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки нерӯҳои амниятӣ бо тирандозӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон, шуморе аз онҳоро кушта ва захмӣ кардаанд.

Дар ҳоле, ки мақомҳои маҳаллӣ аз марги ҳудуди 23 нафар дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъа сухан мегӯянд, Созмони авфи байналмилалӣ эълом кардааст, дар ҷараёни даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳуркунандагон дар Сурия, дастикам 55 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Эътирозот дар Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00


Танҳо дар шаҳри Даръо воқеъ дар ҷануби Сурия, дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи ҷумъа дастикам 10 нафар кушта шуда буданд, ки рӯзи шанбе дар маросими ҷанозаи қурбониён низ ба саҳнаи тазоҳуроти зиддидавлатӣ табдил шуд.

Дар ин миён мақомҳои давлатии Сурия ба ҳадафи фурӯ нишонидани хашми мардум нерӯҳои пулис ва артишро аз маркази шаҳри Даръо хориҷ карда ва атрофи шаҳр мунтақил кардаанд.

Ҳамчунин бар асоси эъломи фаъолони ҳуқуқи башар дар Сурия, давлати ин кишвар дар иқдоме дигар, 260 зиндонии сиёсиро озод кардааст.

ИМТИҲОНИ БУЗУРГ БАРОИ БАШШОР АСАД

Бо ин ҳол эътирозҳо дар Сурия ҳамчунон идома дорад ва тозатарин гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки шаҳри соҳилии Лозиқия низ дар рӯзи шанбе ҳам шоҳиди задухурд миёни тазоҳуркунандагон ва нерӯҳои давлатӣ будааст. Тазоҳуркунандагон дар ин шаҳр низ бо ҳамла ба дафтари ҳизби ҳокими «Баъс»-и Сурия, онро ба оташ кашиданд.

Дар ин миён яке аз мушовирони Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, як «гурӯҳи мусаллаҳ»-ро ба ҳамла ба сохтмонҳои давлатӣ ва тирандозӣ ба ғайри низомиён муттаҳам карда гуфтааст: «Ин барномаи барои коштани тухми ихтилоф ва таниш дар Сурия аст.»

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия аз даҳ рӯз пеш оғоз шуда ва бовуҷуди ваъдаҳои давлат бар анҷоми ислоҳот ва озодии таъсиси аҳзоби сиёсӣ, ҳамчунон идома дорад.

Ин эътирозҳо Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро, ки аз 11 сол пеш ва ба дунболи даргузашти падараш Ҳофиз Асад, дар ин кишар фармон меронад, ба бузургтарин бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ кардааст.

ВОКУНИШҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Аз сӯи дигар, дар идомаи вокунишҳои байналмилалӣ нисбат ба саркӯби муътаризон дар Сурия, рӯзи шанбе Кэтрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоияи Аврупо низ бо интишори баёнияе, саркӯби муътаризон дар Сурияро «ба шиддат» маҳкум карда ва аз мақомҳои Сурия талаб кардааст «хостаҳои машрӯъ»-и мардуми ин кишварро бароварда кунанд.

Пештар низ ИМА аз хушунат кор гирифтан алайҳи тазоҳургарон дар Сурияро маҳкум карда ва хостори таваққуфи ин раванд аз сӯи ҳукумати Башшор Асад шуда буд.

Ҳамчунин Бан Ки Мун, дабири кулли СММ низ дар бораи таҳаввулоти Либия изҳор доштаас: «Матолиби тазоҳуркунандагони Сурия барои ислоҳоти демократии машрӯъ ҳастанд ва бояд аз сӯи Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия мӯҳтарам шумурда шаванд.»
XS
SM
MD
LG