Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия нерӯҳояшро аз Даръо берун кашид


Башшор Ассад, раиси ҷумҳури Сурия, нерӯҳо ва маъмурони пулисро аз шаҳри Даръо, ки чандин бор шоҳиди бархӯрди тазоҳургарону нерӯҳои амниятӣ шуд, берун кашидааст. Тӯли ҳафтаи гузашта тазоҳургарон, ки талаби ислоҳот дар Сурияро доранд, бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд. Сокинони шаҳр ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятӣ ба канораҳои шаҳри Даръо ҷойгир шудаанд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи ҷумъа нерӯҳои амниятии Сурия барои пароканда кардани тазоҳурот, ки дар саросари кишвар сурат гирифтааст, ба сӯи баъзе аз тазоҳуркунандагон оташ кушода ва чанде нафар аз онҳоро куштаанд. Ин гузоришро хабаргузории “Ассосиейтед Пресс “ нашр кардааст ва таъйиди он аз манобеъ дигар номумкин аст.
XS
SM
MD
LG