Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз натиҷаҳои амалиёт дар Либия гуфт


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико имрӯз гуфт, амалиёти низомӣ дар Либия возеҳ, бо тамаркуз ва маҳдуд аст ва то кунун ҷони ғайринизомиёни “бешуморро” наҷот додааст. Дар хитоби ҳафтаинаи радиоаш ба мардум, Барак Обама афзуд, системи дифоъи зиддиҳавоии Либия баҳам зада шудааст, нерӯҳои Қаззофӣ аз пешравӣ мондаанд ва дар минтақаҳое ба мисли Бенғозӣ, такягоҳи ошӯбгарон, ки Қаззофӣ гуфтааст, ба онҳо раҳм нахоҳад кард, ақибнишинӣ мекунанд. Қарор аст, Барак Обама, шоми душанбе дар робита ба низоъ дар Либия суханронӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG