Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарони Либия шаҳри Аҷдабияро пас гирифтанд


Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ ба қувваҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, ошӯбгарон дар ин кишвар шаҳри нафтии Аҷдабияро пас гирифтанд. Ба гуфтаи хабарнигорон, дар роҳ ба самти Аҷдабия, дасти кам ҳашт тонки сӯхтаи нерӯҳои Қаззофӣ дида мешавад. Иброҳим Мӯссо, сухангӯи ҳукумати Либия пешравии ошӯбгаронро таъйид карда ва гуфт: "Ҳамлаҳои ҳавоӣ барои ҳимоят аз ошӯбгарон аст, ки ба самти ҷануб ба самти Аҷдабия пешравӣ кунанд. Ин як кори ғайриахлоқӣ, ғайриқонунӣ аст ва Шӯрои Амният инро иҷоза надодааст. НАТО ва кишварҳои ғарбӣ инро хуб медонанд. Онҳо ба самти ҷануб ба самти Аҷдабия пешравӣ мекунанд." Амалиёти байналмилалии низомӣ алайҳи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба ҳафтаи дуввуми худ ворид шуд. Холид Умар, аз вазорати беҳдошти режими Қаззофӣ гуфтааст, аз замони оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Либия то кунун 114 нафар кушта шудаанд, вале нагуфт, ки чанд нафари онҳо сарбоз ва чанд нафар ғайринизомиён ҳастанд.
XS
SM
MD
LG