Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти байналмилалии низомӣ алайҳи Қаззофӣ


Амалиёти байналмилалии низомӣ алайҳи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ба ҳафтаи дуввуми худ ворид шуд. Дар рӯзи ҳафтуми амалиёт, Қатар нахустин кишвари арабӣ шуд, ки ба ин амалиёт пайваст. Ду ҳавопаймои Қатар ҳамроҳ бо ҳавопаймоҳои Фаронса, назорат барои ҳарими парвозмамнӯъ дар осмони Либияро идома доданд. Дар таҳаввулоти дигар генерали канадагӣ, Чарлз Бушард, аз сӯи НАТО, фармондеҳи амалиёти таъйини фазои парвозмамнӯъ ва муҳофизати ғайринизомиён аз ҳамлаҳои нерӯҳои Қаззофӣ таъйин шуд. Холид Умар, аз вазорати беҳдошти режими Қаззофӣ гуфтааст, аз замони оғози ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ ба Либия то кунун 114 нафар кушта шудаанд, вале нагуфт, ки чанд нафари онҳо сарбоз ва чанд нафар ғайринизомиён ҳастанд.
XS
SM
MD
LG