Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Густариши тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Сурия


Тазоҳурот алайҳи хонаводаи ҳоким бар Сурия бино ба гузоришҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳри Димишқ паҳн шудааст. Башшор Ассад, раиси ҷумҳури феълии Сурия аст ва хонаводаи онҳо 40 сол аст, дар ин кишвар ҳукумат мекунад. Гузориш мерасад, ки маъмурони амниятии Сурия барои пароканда кардани тазоҳургарон ба сӯи онҳо тир андохта ва теъдоде аз онҳоро дар шаш шаҳру рустоҳои кишвар куштаанд. Ин гузоришро хабаргузории “Ассосиейтед Пресс “ нашр кардааст ва таъйиди он аз манобеъ дигар номумкин аст. Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, дар ҳафтаи гузашта танҳо дар шаҳри Даръо маркази тазоҳуротҳои густурда 55 нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, тазоҳургарон пайкараи Ҳофиз Ассад, падари Башшор Асадро вожгун кардаанд ва баъди ин нерӯҳои амниятӣ ба сӯи онҳо оташ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG