Пайвандҳои дастрасӣ

Оби олуда - монеъи корҳо дар нерӯгоҳи Фукушима


Вуҷуди оби олуда бо маводи радиоактив дар нерӯгоҳи барқи атомии Фукушимаи Ҷопон, монеъи корҳои ба эътидол овардани вазъи ин нерӯгоҳ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар байни шаш бинои реакторҳо дар се бино, оби олуда кашф шудааст ва мизони радиатсия дар оби баҳр дар наздикии реактор назар ба меъёри маъмулӣ 1250 маротиба зиёд аст. Нерӯгоҳи Фукушима, ки бар асари заминларза ва сунамӣ осеб дид, дар 240 километрии шаҳри Токио воқеъ аст. Рахна дар сипари муҳофизатии реактор, лӯлаи сӯрохшуда ва ё ихроҷи бухори реакторҳоро аз омилҳои эҳтимолии олудагӣ медонанд. То кунун 17 корманди ин нерӯгоҳ таҳти таъсири мизони зиёновари радиатсия мондаанд. Заминларзаи рӯзи 11 март дар Ҷопон ва сунамии баъди он даҳҳо ҳазор нафар кушта ва бенишон кард.
XS
SM
MD
LG