Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон ду мактаби духтаронаро вайрон карданд


Ҷангҷӯён дар Покистон ду мактаби духтаронаро дар вилояти қабоилнишини Хайбар вайрон кардаанд. Ҳарду мактаб дар рустои Султонхел воқеъ буданд ва бар асари бомбгузорӣ вайрон шудаанд. Дар онҳо 1200 нафар таҳсил мекарданд ва ҳоло ба гуфтаи мақомот волидони зиёде аз тарс намегузоранд, ки духтаронашон ба мактаб раванд. Ба гузориши Радиои Машъал, тундравони исломӣ, мухолифи таҳсили духтарон ҳастанд, то кунун 700 мактаб дар манотиқи қабоилнишини Покистон нобуд кардаанд.
XS
SM
MD
LG