Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белград пайкараи Ҳайдар Алиевро мегузоранд


Дар як боғи шаҳри Белград, пойтахти Сербистон ба зудӣ пайкараи бузурги Ҳайдар Алиев, раиси ҷумҳури собиқи Озарбойҷон қомат хоҳад афрохт, ки барои навсозии ин боғ ҳукумати Озарбойҷон 2 миллион евро кӯмак кардааст. Ба гузориши бахши сербии Радиои Озодӣ, дар боғи Тасмадян, ки соли 1958 ифтитоҳ шудааст, пайкараи Милорад Павич, адиби сербро ҳам хоҳанд гузошт, ки ӯ соли 2009 даргузашт. Ҳайдар Алиев, падари раиси ҷумҳури феълии Озарбойҷон Илҳом, соли 2003 фавт кард. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Сербистон гузоштани пайкараи раиси ҷумҳури собиқи Озарбойҷонро, ки ба гуфтаи онҳо аз назари ҳуқуқи инсон мероси хубе нагузоштааст, интиқод кардаанд. Муҷассамаҳои Ҳайдар Алиевро дар шаҳри Киев ва Бухарест ҳам метавон дид.
XS
SM
MD
LG