Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC


Тимҳои миллии футболи Ҷазоири Молдив ва Тоҷикистон ба сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё роҳ ёфтанд.

Футболбозони тоҷик дар сабқати гурӯҳи “С” баъди ду пирӯзӣ бар тимҳои миллии Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ва Камбоҷа бо ҳисоби 3:0 бегоҳи рӯзи 25-уми март дар бозии охирин бо тими мизбон – Ҷазоири Молдив рақобат карданд. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Тимҳои Ҷазоири Молдив ва Тоҷикистон 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Мизбонон аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо (6-1) дар ҷои якум ва Тоҷикистон (4-0) дар ҷои дуввум қарор гирифтанд.



Ҳамин тариқ аз гурӯҳи “С” дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷазоири Молдив ба сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 роҳ ёфтанд. Вале тимҳои Қирғизистону Камбоҷа аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.
Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG