Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолати обанбори "Норак" аз дурбини "Озодӣ"


Ҳолати кунунии обанбори нерӯгоҳи "Норак"
Ҳолати кунунии обанбори нерӯгоҳи "Норак"

Суолҳои зиёде дар робита ба кам шудани оби обанбори "Норак" хабарнигорони "Озодӣ"-ро ба он ҷо бурд.

Дар роҳ ба сӯи Норак, дар ҳар куҷое, ки бо мардум сӯҳбат мекардем, ҳамcӯҳбатони мо аввал шикоят аз бебарқӣ мекарданд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ночор дарахтону ниҳолҳоро барои гарм кардани оташдонашон аз бех мебурранд.
Мо аз роҳи Кӯлоб-Душанбе ба баландии гарданаи "Шар-Шар" омадем ва аз ин ҷо обанборро ба навор гирифтем. Воқеан, сатҳи об дар ҳадди поинтарини обанбор қарор дошт ва оби дарёи Вахш ҳам аз соҳилҳо домани худро кашида беҳаракат ба назар мерасид...


Вақте вориди шаҳри Норак шудем, сокинони он ҷо низ гуфтанд, ки ба манзили онҳо низ дар як шабонарӯз ҳамагӣ чаҳор соат интиқол дода мешавад. Шаҳри Норак, ки як замоне "шаҳри нур" номида мешуд, дар ин рӯзҳо хел тира ба назар мерасид.

Ниҳоят мо ба назди бинои Идораи нерӯгоҳи барқи обии "Норак" расидем ва дар даромадгоҳ моро сарбозони Горди миллӣ пешвоз гирифтанд.

Онҳо гуфтанд, ки як сол мешавад ба ҷои кормандони умури дохилӣ Горди миллӣ амнияти обанбори "Норак"-ро таъмин мекунад. Дар роҳи даромад ба обанбор низ постгоҳи Горди миллӣ қарор дошт.

Яке аз муовинони раиси Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки худро ҳангоми сӯҳбат муаррафӣ накард, гуфт, иҷозат намедиҳад, ки хабарнигорон дохили бинои нерӯгоҳ бишаванд. Вай афзуд, "шумо бояд иҷозатномаи расмии ширкати "Барқи тоҷик"-ро бо худ меовардед."

Мо аз бинои нерӯгоҳ берун шудем ва дар назди бино як автобуси ҳомили мутахассисони нерӯгоҳ, ки тоза аз обанбор баргаштаанд, қарор гирифт.
Чанд нафар аз мутахассисон фаҳмиданд, ки хабарнигорем, бо мо ҳамсуҳбат шуда ва гуфтанд, ки вазъи обанбор ташвишовар аст.

Ба гуфтаи онҳо, сатҳи об ба нуқтаи ниҳоӣ расида истодааст ва онҳо талош доранд, то аз ворид шудани ҳаво ба лӯлаи турбинаҳо ҷилавгирӣ кунанд. Яке аз мутахассисон гуфт, агар ҳаво ба лӯлаи турбинаҳо ворид шавад, ҳатман трубина аз кор бозмемонад, ки авоқиби нохуш дорад.

Ҳолати обанбори "Норак"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
Линки мустақим


Вале мутахассисон гуфтанд, ки сабаби аслии кам шудани об дар обанбор ба коҳиш дидани ҷараёни оби дарёи Вахш вобаста аст. Онҳо ҳадсу гумонҳо дар ин бора, ки гӯиё оби обанбор ба кишвари ҳамсоя дода шудааст, комилан рад карданд.

Дар ҳоли ҳозир бинобар норасоии оби обанбор аз 9 турбинаи нерӯгоҳ се турбина фаъол аст. Пас аз сӯҳбат бо мутахассисон мо аз роҳи Кӯлоб-Душанбе ба баландии гарданаи "Шар-Шар" омадем ва аз инҷо обанборро ба навор гирифтем. Воқеан, сатҳи об дар ҳадди поинтарини обанбор қарор дошт ва оби дарёи Вахш ҳам аз соҳилҳо домани худро кашида беҳаракат ба назар мерасид.

Дар наздикиҳои шаҳри Норак соҳилҳо аз ду тараф то ба 9 метр хушк шуда буданд. Як мутахассиси нерӯгоҳи "Норак" гуфт, ки дар гузашта паҳнои обанбор 75 километрро дар бар мегирифт ва ҳоло он ба 30 километр баробар шудааст.

Чуноне ки мутахассисони нерӯгоҳи Норак мегӯянд, дар ҳоли ҳозир имкони амалии ислоҳи вазъ вуҷуд надорад ва ҳалли ин масъаларо дар гарм шудани ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо имконпазир медонанд.

Рӯзи ҷумъаи 25-уми март, замоне ки мо дар маҳали обанбори Норак будем, ҳаво офтобӣ буд ва мутахассисони нерӯгоҳ гуфтанд, ки агар ҳаво дар тӯли як моҳи оянда ҳамин тавр боқӣ бимонад, сатҳи обанбор ба маҷрои пешинаи худ бар хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG