Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи "ором"-и президентӣ дар Қазоқистон


Интихоботи президентии рӯзи севуми апрел дар Қазоқистон зоҳиран ҷавобгӯи тақозоҳои интихоботи одилона аст.

Дар он чаҳор номзад, президенти кунунии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо се довталаб аз ҳизбҳои дигар, сабқат доранд. Вале ба қавли коршиносону нозирон дар Қазоқистон худи маъракаи пешазинтихоботӣ ҳеҷ эҳсос намешавад.
Мо ҳамаи ҳизбҳои демократӣ ва ҷунбишҳои сиёсиро ба бойкоти интихоботи пешазмӯҳлати рӯзи 3-юми апрел даъват мекунем...

Нурсултон Назарбоеви 70-сола беш аз 20 сол инҷониб раҳбарии Қазоқистон, ин ҷумҳурии саршор аз маводи сӯхти Осиёи Марказиро бар дӯш дошта, ба муаррифӣ ниёз надорад.

Баъд аз радди назархоҳии тамдиди даври раёсатҷумҳурии Нурсултон Назарбоев то соли 2020-ум, дастгоҳи Назарбоев пешниҳод кард, ки интихоботи президентӣ як сол пеш аз мӯҳлат, яъне 3-юми апрели соли 2011-ум доир шавад.

ТАБЛИҒИ ЯК НОМЗАД

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон
Президент Назарбоев иброз дошт, ки 28-уми январ дар паёмаш ба мардуми кишвар барномаашро эълон карда буд. Ба қавли коршиносон се довталаби боқимонда ба пирӯзии худ бовар надошта, ҳатто баъзеашон рӯйирост мегӯянд, ки ҷонибдори пирӯзии Назарбоев ҳастанд.

Нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пас аз муроқибати фазои пешазинтихоботии Қазоқистон дар таърихи 21-уми март гузорише таҳия намуда, таъкид кардаанд, ки танҳо тарғиби як номзад ва он ҳам президенти ин кишвар Назарбоев ба чашм мехӯрад.

Ҳамчунон нозирони байналмилалӣ гуфтаанд, ки ташкили ҷамъомадҳо бо маҳдудиятҳо мувоҷеҳ буда, бар илова аз роҳи баргузории имтиҳони забони қазоқӣ номзадҳои эҳтимолии курсии раёсатҷумҳурии Қазоқистон аз сабқат барканор монданд.

Ниҳодҳои нозири интихобот фақат се нафар: Ҷамбул Аҳмадбеков аз ҳизби мардумии коммунистон, Мэлс Элеусизов аз ҷунбиши зистмуҳитӣ бо номи "Табиат" ва пешвои ҳизби ватанпарастон Ғанӣ Қосимовро расман ба ҳайси довталаби курсии президентӣ номнавис кардаанд.

РАҚИБ Ё ҲАМРОҲОНИ НАЗАРБОЕВ?

Элеусизов аз соли 2005-ум ба ин тараф дар интихоботи президентиву парлумонӣ бемуваффақият сабқат кардаву доимо ноком будааст. Ӯ аз ибтидо таъкид мекард, ки ҳадафаш аз ширкат дар ин маъарака огаҳ намудани мардум аз мушкилиҳои зистмуҳитии Қазоқистон аст.

Номзади дигар - Қосимов, ки ҳамчун рақиби нерӯмандтарини президенти кунунии Қазоқистон ба шумор меравад, иброз доштааст, ки ӯ аз раҳбарии Назарбоев илҳом мегирад.

Билохира, номзади сеюм - Аҳмадбеков, аз тарафи шореҳон ба ҳайси довталаби ҷиддӣ арзёбӣ намешавад. Зеро ҳизби мардумии коммунистони Қазоқистон аз пуштибонҳои Назарбоев ба ҳисоб меравад.

Ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Қазоқистон "Озод", "Оқ Ҷол" ва рӯҳоният аз иштирок дар интихобот сарпечӣ кардаанд. Чанд ҳизби дигари мухолифин аз ҷумла "Олға", “Ор, Рӯҳ, Ҳақ” ва ҳизби коммунист раъйдиҳандагонро ба бойкоти интихобот даъват намудаанд.

ИНТИХОБОТИ БИДУНИ ИНТИХОБ

Владимир Козлов
Ахиран раҳбари ҳизби "Олға"-и Қазоқистон Владимир Козлов сабаби даъвати бойкотро ин гуна шарҳ додааст: "Мо ҳамаи ҳизбҳои демократӣ ва ҷунбишҳои сиёсиро ба бойкоти интихоботи пешазмӯҳлати севуми апред даъват мекунем. Қабл аз ҳама бояд ба шаҳрвандон вазъи воқеӣ фаҳмонида шавад ва онҳо аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ кунанд. Онҳо бояд хилофкориҳо дар давраи пешазинтихобот ва рӯзи интихоботро сабт кунанд. Мо аз раъйдиҳандагони қазоқ даъват мекунем, дар интихоботе, ки интихоб надорад, ширкат наварзанд.”

Шореҳи қазоқ Андрей Чеботарев мегӯяд, дар интихоботи гузашта номзадҳои мухолиф ба сабқати раёсатҷумҳурӣ ворид шуда буданд, вале имсол ин тавр нашуд: "Ин интихобот дигар аст. Аввалан, дар сабқат номзадҳои мухолифин ҳузур надоранд. Сониян, маъаракаи хеле орому касод аст."

Вале Чеботарев мегӯяд, шояд дар воқеият худдории мухолифин аз сабқат ин бошад, ки онҳо ба пирӯзиашон бовар надоранд ва мехоҳанд тамоми имконотро ба интихоботи парлумонии оянда сафарбар кунанд.
XS
SM
MD
LG