Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари намояндагии Бонки АвруОсиё даргузашт


Ерканат Галиев-раиси намояндагии бонки АвруОсиёии рушд дар Тоҷикистон ғайричашмдошт даргузашт. Дар ин бора Интерфакс-Қазоқистон хабар додааст. Галиев соли 1958 дар Алмаато ба дунё омадааст ва шаҳрванди Қазоқистон мебошад. Вай солҳои мухталиф дар сохторҳои давлатӣ ва бонкии Қазоқистон кор кардааст. Намояндагии Бонки АвруОсиё дар Тоҷикистон соли 2009 ифтитоҳ шуда буд ва аз он вақт то ҳол раҳбарии онро Галиев бар уҳда дошт. Ин бонк соли 2006 ба ибтикори Русияву Қазоқистон соли 2006 ташкил шуд. Маблағи оинномавии бонк 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG