Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносони тоҷик низ таҳаввулот дар кишвари ошӯбзадаи Либияро аз наздик пайгирӣ мекунанд.

Кишваре, ки ҳанӯз ҳам гирифтори ҷангу хунрезист ва ҷангандаҳои эътилоф барои шашумин рӯз манотиқи мухталифи ин кишварро мавриди таҳоҷуми ҳавоӣ қарор додаанд.

Аз ҷумла гузориш мешавад, ки як қароргоҳи нирӯҳои Қаззофӣ дар ҳошияи шаҳри Мисрота, яке аз пойгоҳҳои иҳоташудаи чирикҳо мавриди ҳуҷуми эътилофи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Қаззофӣ тавре ба назар мерасад, ба осонӣ ҳукуматро аз даст доданӣ нест. Бо ин даргириҳо, ояндаи Либияро чӣ интизор аст ва сарнавишти ҳокими худкомаи ин кишвар Муаммар Қаззофӣ чӣ хоҳад буд? Коршиносонони тоҷик дар ин маврид чунин назар доранд:

Абдуғаффори Камол: Ин режими Қаззофӣ, чуноне маълум аст, ба мисли режими Толибону Саддом Ҳусейн дер намепояд. Аммо ҳоло муҳим ин нест. Муҳим ин аст, ки чӣ гуна ҳукумат сари кор меояд ва амниятро чӣ гуна
Абдуғаффори Камол
таъмин мекунад, дар ҳоле, ки як низоми фалаҷшуда ба дасташ мерасад.

Нахуст, беҳтар буд, ки мисли Миср таҳвили ҳукумат бо роҳи осоишта сурат мегирифт, ки ҳам мардум вобастаи сиёсати хориҷӣ намешуданд ва ҳам миёнашон шикофу кинаву адоват пайдо намешуд. Инчунин пойгоҳову зерсохторҳои иқтисодӣ ҳам аз байн намерафт. Аммо сарнавишт чизи дигарро барои ин мардум рақам зада будааст, ки шоҳидаш шудем. Агар пас аз барканории Қаззофӣ нерӯҳои НАТО пойгоҳҳои худро мустақар кунанд, ин худ як омили ноамнӣ хоҳад шуд. Ҳатто тарафдорон ва муқобилони Қаззофӣ ба ин розӣ нахоҳанд шуд, зеро ҳузури нерӯҳои хориҷиро барои худ таҳқир мешуморанд.

Аммо ба ҳар ҳол шиддати авзоъ дар Либия ба мисли Афғонистону Ироқ нахоҳад шуд. Ҳукумате, ки сари қудрат меояд, як навъ миннатпазири қудратҳои ғарбӣ мемонад. Яъне ба ин маъно, ки мо шуморо сари қудрат овардем. Аз ин рӯ ҳукумати оянда метавонад ба қудратҳои хориҷӣ боҷ бидиҳад. Ин боҷ метавонад, иқтисодӣ бошад ё сиёсӣ ва ё ҳатто равонӣ.

Зоҳири Давлат: Ин чизе, ки ҳоло Либия аз сар мегузаронад, ба он чи, ки Ироқ чанд сол пеш аз сар гузаронд, монандиҳое дорад. Аз оне, ки нерӯҳои хориҷӣ ба он ҷо ворид шуданд, идома метавонад, мисли Ироқ сурат бигирад. Инҳо метавонанд, ваҳдати Либияро нигаҳ доранд ва дар солҳои наздик ин кишвар бо низоми нав ба ҷой монад. Ба ҳар сурат Қаззофӣ иштибоҳҳое кард, ки боиси ворид шудани нерӯҳои хориҷӣ шуд. Ҳоло нерӯҳои Қаззофӣ шикаст мехӯрад, зеро дигар роҳе вуҷуд надорад. Маълум аст, ки дигар як низомӣ наве дар ин ҷо сари кор меояд. Аз аввал ҳам маълум буд, ки гурӯҳҳое аз берун ҳаминро мехоҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG