Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сел"-и сил дар минтақаи Кӯлоб


Ҷумъагул, номи рамзии ҷавондухтари 20 солаи сокини ноҳияи Ҳамадонист, ки аз миёни 5 узви хонавода, ба танҳоӣ аз чанги марг раҳо ёфтааст.

Хонаводаи ин ҷавондухтар ҳамагӣ ба шакли устуворгаштаи бемории сил дучор будаанд, ки пас давраҳои табобатӣ бебарор аз олам чашм пӯшидаанд. Аммо Ҷумъагул мегӯяд, пас аз даргузашти охирин узви хонаводаашон, ӯ танҳо монд ва ҳоло ба табобати ҷиддӣ фаро гирифта шудааст. Пизишкон низ вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли пизишкон ба мисли хонаводаи ин ҷавондухтар афроди хонаводаҳои зиёде дар навоҳии Восеъ ва Ҳамадонӣ ҳангоми мубтало ба шакли мутобиқгаштаи бемории сил ҳалок гаштаанд. Ва ҳоло ҳам шумори гирифторони шакли мутобиқгаштаи сил зиёд аст, ки табобати хосаро талаб доранд.

ИФТИТОҲИ БЕМОРИСТОНИ СИЛ ДАР КӮЛОБ

Бад ин хотир 24-уми март, дар ростои зикри Рӯзи ҷаҳонии мубориза зидди бемории сил, дар минтақаи Кӯлоб, бори нахуст шӯъбаи табобати бемориҳои шакли мутобиқгашта ё худ устуворгаштаи сил боз шуд. То кунун гирифторони ин навъи бемориро дар ягона беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил дар ноҳияи Ваҳдат табобат мекардаанд.

Раҳматулло Ҷумъаев, директори Маркази мубориза зидди бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, боз шудани чунин шӯъба ба он хотир аст, ки гирифторони ин беморӣ дар минтақа зиёд кашф шудааст, вале онҳо бо далели камбизоатӣ наметавонанд, дар масофаи дур аз маҳалли зисташон табобат бигиранд: “Табобати шаклҳои устуворгаштаи бемории сил ҳам дар Кӯлоб оғоз ёфт. Ин шӯъба дорои даҳ кати табобатӣ ҳаст. Ҳоло мо 32 нафарро руйхат кардаем. Баъд аз омӯзиш мо мебинем, ки кадоме аз онҳо дар шароити хона ва кадом дар ин шӯъба табобат мегиранд.”

ЧАРО ГИРИФТОРӢ БА СИЛ?

Шакли мутобиқгаштаи бемории сил чи гуна аст ва дар кадом ҳолат инсонҳо ба он гирифтор мешаванд? Раҳматулло Ҷумъаев мегӯяд, гирифторони бемории сил агар сари вақт табобат нагиранд ва ё табобати нодуруст бигиранд, ба чунин шакли бемори гирифтор мешаванд, ки дар аксари мавридҳо табобаташ имконнопазир мегардад. Яъне вируси бемории сил ба тамоми навъи доруҳо худро мутобиқ мегардонад.

Раҳматулло Ҷумъаев мегӯяд: “Дар ҳолате ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, ки дер бистарӣ шудаанд ва бархеи дигар то омадан ба назди мо, дар назди табибони умумӣ, яъне на силшинос табобат мегиранд. Бо сабабҳои номаълум ва баъзан вақт бинобар дер муайян шудани ташхис, ҳолати бемор вазнин мешавад. Он вақт микробактерияи сил ба шакли устуворгашта ё худ мутобиқгашта табдил меёбад ва ба бемор дору ҳеҷ фоида намекунад. Дар ин вақт дигар мо ва умуман тиб аз табобат оҷизӣ мекашад. Баъдан, омӯзиш гузаронда муайян кардан даркор, ки кадом навъи сил дорад ва бояд кадом доруро истеъмол кунад, муқобили он”.

7 ҲАЗОР БЕМОРИИ СИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бар асоси иттилои расмӣ, соли гузашта шумори чунин беморон дар минтақа ба наздикӣ сад нафар мерасид ва ҳоло аз ин шумора бемории 32 нафарашон омӯхта шуда, ба табобат ҷалб гардидаанд.

Маҳмадзоир, як тан аз гирифторони бемори шакли мутобиқгаштаи ин навъи беморӣ мегӯяд, аз сабаби адами ҷиддият ва табобати нодуруст гирифтан, ба чунин аҳвол афтодааст ва ҳоло тасмим дорад, то ҷиддӣ табобат гирифта, шифо ёбад.

Чанд навоҳии минтақаи Кӯлоб аз силзадатарин навоҳӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Теъдоди гирифторони бемории сил дар тамоми Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор ном бурда мешавад, ки зиёда аз 2 ҳазори он ба минтақаи Кӯлоб рост меояд.

Ҳоло Созмони Салиби Сурхи Финландия бо дарназардошти чунин вазъият, як барномаи ду солаеро барои коҳиши бемории сил дар минтақаи Кӯлоб рӯи даст гирифтааст.
XS
SM
MD
LG