Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия манъи содироти ғаллаи худро тамдид кард


Имрӯз Русия эълон кард, ки то тирамоҳи соли ҷорӣ манъи содироти ғаллаи худро идома медиҳад. Сабабаи манъи содирот болоравии нархи маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Болоравии нарх сабаби ба вуҷуд овардани заминаи нооромиҳои иҷтимоӣ ва инқилоб дар баъзе кишварҳои арабӣ шудааст. Маскав мегӯяд, дар моҳи сентябр баъд аз ҷамъоварии ҳосили нав тасмим хоҳад гирифт, ки манъи воридотро аз миён бардорад ва ё идома диҳад. Хушксолии соли гузашта Русияро водор кард, ки аз 15-ӯми август то 31-ӯми декабр ин кишвар содиротро боздорад ва дар ин бора Владимир Путин-нахуствазир санаде имзо кард.
XS
SM
MD
LG